Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил тарҳи пешниҳодии ИМА дар бораи таъсиси кишвари мустақили фаластинӣ дар марзҳои қабл аз ҷанги соли 1967-ро рад кард.

Дар поёни дидори ду соата бо Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дар Кохи Сафед, Барак Обама эълон кард, ки ду кишвар бар сари масъалаи сулҳ ихтилофи назар доранд.

Бенямин Натаняҳу низ дар конфронси хабарии муштарак бо Барак Обама гуфт, ки пешниҳоди бозгашт ба марзҳои пеш аз ҷанги 1967, Исроилро «ғайри қобили дифоъ» хоҳад кард. Вай гуфт: «Дар ҳоле, ки Исроил омода аст барои барқарории сулҳ имтиёзи саховатмандона бидиҳад, наметавонад бозгашт ба марзҳои соли 1967-ро бипазирад, зеро ин марзҳо ғайри қобили дифоъ ҳастанд.»

Оқои Натаняҳу дар идома гуфт: «Сулҳ бар асоси таваҳҳум дар ниҳоят бо санги воқеиятҳо дар Ховари Миёна бархӯрд хоҳад кард.»

Нахуствазири Исроил бо ишора ба ин, ки мумкин аст бишавад дар бархе аз масоил кӯтоҳ омад гуфт: «Бозгашт ба марзҳои пеш аз ҷанги 1967 қобили пазириш нест.»

Нахуствазири Исроил пеш аз он, ки бомдоди ҷумъа вориди Амрико шавад, зимни ибрози навмедӣ аз изҳороти раиси ҷумҳури Амрико, мавзеи ӯро дар қиболи марзҳои қабл аз ҷанги 1967 «ғайри қобили дифоъ» хонда буд.

Барак Обама дар суханронии рӯзи панҷшанбеи худ гуфта буд: «Марзҳои Исроил ва Фаластин мебояд бар асоси марзбандии соли 1967 устувор бошад, ҳамроҳ бо тавофуқ бар сари иваз кардани манотиқ, то бинобар ин, марзҳои амн ва ба расмият шинохта барои ду кишвар таъйин шаванд.»

Оқои Обама изофа карда буд: «Мардуми Фаластин ҳаққ доранд дар як давлати фарогир ва дорои истиқлол, бар худ ҳукумат карда ва қобилиятҳояшонро бовар кунанд.»

Дар ҷараёни ҷанги шашрӯза дар июни соли 1967, артиши Исроил Каронаи Бохтарии рӯди Урдун, аз ҷумла Байтулмуқаддасро тасарруф кард.

ИХТИЛОФИ НАЗАР

Барак Обама низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки дар дидор бо нахуствазири Исроил бори дигар «усул» ва меҳварҳои пешниҳодияш дар бораи сулҳи Ховари Миёнаро матраҳ кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт: «Ҳадаф бояд таъмини амнияти Исроил, давлати яҳуд бошад, аммо амнияти пойдоре, ки як давлати фаластинии комил ва муассирро ба ҳамроҳ дорад.»

Барак Обама ҳамчунин баён доштааст, ки бо нахуствазири Исроил бар сари беҳтарин роҳи ҳал барои сулҳ ҷиҳати эҳёи музокироти мутаваққифшудаи сулҳ ихтилофи назар дорад.

Вай гуфт, ин ихтилофоти андак дар забон ва наҳваи баён аст, ки мумкин аст байни ду дӯст низ рух диҳад.

Дар вокуниш ба суханронии рӯзи панҷшанбеи Барак Обама ва масъалаи марзҳои Исроил, Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин гуфта буд: «Раиси ҷумҳури Амрико мебоист Бенямин Натаняҳуро барои пазириши ин ибтикор таҳти фишор қарор диҳад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG