Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Исроил мегӯянд, Бенямин Натаняҳу-нахуствазири ин кишвар аз мулоқоташ бо Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико рӯҳбаланд ба назар мерасад. Рӯзномаи “Jerusalem Post” аз қавли як мақоми исроилӣ менависад, нисбат ба оғози мулоқот баъд аз мулоқот рӯҳияти Натаняҳу беҳтар будааст. Рӯзи ҷумъа Барак Обама гуфт, вай дар Ховари Миёна лаҳзаҳои имконот ва “хатар”-ро мушоҳида мекунад. Обама ва Натаняҳу баъд аз як рӯзи суханронии Обама роҷеъ ба вазъи Ховари Миёна бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд. Обама дар ин суханронӣ аз ташкили давлати ояндаи Фаластин ҳимоят кард.
XS
SM
MD
LG