Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси "гарм"-и вакилон ва интихобкунандагон дар Рӯшон


Tajikistan -- General view of provincial capital Khorugh, Badakhshon region, 07May2011

Tajikistan -- General view of provincial capital Khorugh, Badakhshon region, 07May2011

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон ба додгоҳ муроҷиат намуда, аз сокини деҳаи Шуҷанд Ватаншо Ғуломшоев ва гурӯҳи ҳамдеҳагонаш рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи як миллион сомониро талаб доранд.

Вакилон ин гурӯҳи сокинони ноҳияро ба таҳқири шаъну шарафи намояндагони мардумӣ муттаҳам медонанд.

ШИКОЯТҲОИ МУТАҚОБИЛИ ВАКИЛУ ИНТИХОБКУНАНДА

Раззоқ Давроншоев, вакили маҷлис ва сардори корхонаи энергетикӣ- минтақавии ноҳияи Рӯшон гуфт, ки Ғуломшо Ватаншоев ва гурӯҳи сокинони деҳа дар аризаи худ ба раиси вилоят вакилони маҷлиси ноҳияро «хиёнаткор» ва «ҷинояткор» номида, бо ҳамин шаъну шарафи вакилонро паст заданд.

Вай гуфт: «ҳар як шаҳрванд шаъну шарафи худро дорад, бахусус вакили мардумӣ. Аммо дар аризаи худ ба номи раиси вилоят, Ғуломшо Ватаншоев ва гурӯҳи сокинони деҳаи Шуҷанд беасос вакилонро гунаҳкор карда, навиштанд, ки вакилон ба интихобкунандагони худ хиёнат карданд, вале дар асл ин тавр нест.»

Дар додгоҳи ноҳия гуфтанд, ки аризаи вакилонро дар мавриди дархости ҷуброни зарари маънавӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Аммо Ғуломшо Вататаншоев муроҷиати вакилонро ба додгоҳ беасос ва фишор болои худ ва ҳамдеҳагонаш медонад, ки барои ошкор сохтани ҳолати фиреб додани истеъмолкунандагони барқ ва изофанависӣ аз болои мардуми ноҳия талош варзиданд. Вай гуфт: «онҳо мегӯянд, ки мо ба компромисс тайёр ҳастем, мақсадашон ҳамин, ки мо аз даъвоямон даст кашем.»

Ба гуфтаи Ғуломшо Ватаншоев, додситонии вилоятӣ пас аз ошкор сохтани фиреби муштариён дар мавриди истифодаи нерӯи барқ ва анҷоми тафтиш ба манзури оғози парвандаи ҷиноӣ аз болои сардори корхонаи энергетикии минтақавии ноҳия, ки ҳамзамон вакили маҷлиси ноҳиявӣ мебошад, масъалаи лағви дахлнопазириашро дар иҷлосия ба миён гузошт.

ЧӢ ГУНА БАҲС РАСОНАӢ ШУД?

Аммо вакилон ба ҷойи мардуми фиребхӯрда, ҳамтои худ ва шахси мансабдорро тарафдорӣ намуда, барои оғози парванда нисбати вай ризоият надоданд ва сокинон маҷбур шуданд, ки дар номаи худ ба мақоми аввали вилоят, муносибаташонро нисбати вакилон изҳор кунанд.

Вай афзуд: "мо дар ягон рӯзнома, радио ва телевизион баромад накардем, вале дар нома ба раиси вилоят бо изҳори норизоият аз мавқеъи вакилон рафторашонро хиёнаткорона ба интихобкунандагон арзёбӣ кардем ва гуфтем, ки ба он баҳо дода шавад. Мо ҷавобро интизор будему халос, вале вакилони маҷлиси ноҳиявӣ бо муроҷиат ба додгоҳ, барои расонаи шудани ин фикри дар ариза омада мусоидат карданд."

Мухолифати Ғуломшо Ватаншоеву гурӯҳи сокинони деҳаи Шуҷанд бо корхонаи энергетики минтақавии ноҳияи Рӯшон дар шахсияти сарвари ин корхонаи мутаалиқи ширкати «Помирэнержи» Раззоқ Давроншоев аз се сол ба ин сӯ идома дорад. Ба гуфтаи Раззоқ Давроншоев, аммо бо насб гардидани ҳисобкунакҳои рақами норизоятии сокинон куллан бартараф гардидаст: «Моҳи августи соли гузашта дар маркази ноҳия зиёда 680 ва дар деҳаи Шуҷанд 214 ҳисобкунакҳои барқии рақамӣ насб шуданд. Мушкилоти қаблӣ ин буд, ки худи ҳисобкунакҳои барқии мардум ба стандарт ҷавобгӯ набуданд.»

МУШКИЛӢ ЭТИКӢ Ё ҲУҚУҚӢ?

Аммо Ғуломшо Ватаншоев мегӯяд, ки истифодаи муқоисавии барқи ҳаштмоҳа дар як хонаводаи деҳа пас аз насби ҳисобкунанкҳои рақамии барқӣ ва пеш аз онҳо нишон медиҳад, ки қаблан ин хонавода се маротиба зиёдтар ҳаққи барқ пардохт мекард: «Дар деҳаи мо мушкилот ҳал гардид, вале дар деҳоте, ки ҳанӯз ҳисобкунакҳои рақамӣ надоранд, мушкилоти наҳваи танзими барқ боқӣ мемонад.»

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ҳуқуқшинос Манучеҳр Холиқназаров, сокинони деҳаи Шуҷанд аз ҳуқуқи муроҷиати шаҳрвандон ба мақомот истифода карданд. Вале даъвои вакилонро, ки ҳамзамон бештарашон намояндагони сохторҳои мақомоти маҳаллӣ мебошанд, кӯшиши сафед кардани амали худ дар назди мақомоти марбутаи болоӣ мешуморад. Зеро ба дунболи ин ариза, маҷлиси вилоятӣ барои лағви масъунияти вакилии сардори корхонаи энергетики ризоият додааст ва суханони дар ариза омада метавонанд фақат марбути мушкилоти этикӣ бошанд, на ҳуқуқи.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG