Пайвандҳои дастрасӣ

Тартиби фарзандхонӣ ё ба тарбия гирифтани кӯдаки бепарастор дар Тоҷикистон ба дараҷае печида ва мушкил аст, ки хоҳишмандонро дилсард ва саргардон мекунад, мегӯянд ҳуқуқшиносон.

Садбарг, хонуми 43-солаи тоҷик, панҷ сол барои ба фарзандӣ хондани тифле аз парваришгоҳи ятимони шаҳри Душанбе талош карда, аммо муваффақ нашудааст.

Дар Тоҷикистон кам нестанд хонаводаҳое, ки барои аз ятимхона ва ё мустақим аз оилаҳо гирифтани кӯдак талош мекунанд. Аммо вақте мебинанд, ки ҷода ҳеле мушкилгузар аст, дилсард мешаванд...

Ӯ мегӯяд, фарзандхонӣ дар монеаҳои бюрократӣ дармонда, коргузорон метавонанд ҳар банди санадро зери шубҳа қарор диҳанд ва аз пазируфтани дархости шумо сарпечӣ кунанд.

Пас аз саргардониҳои зиёд Садбарг роҳи, ба истилоҳ, осони фарзандхониро пайдо кард. Вай тифли дурӯзаи як зани ҷавонро ба фарзандӣ хонд ва ӯро бо муҳаббати зиёд парвариш кард.

Вале модари кӯдак пас аз панҷ сол баргашт ва гуфт, ки кӯдакашро мехоҳад. Садбарг ҳеҷ санади расмӣ надошт ва маҷбур "ҷигарбандаш"-ро ба дасти модари расмии кӯдак супурд.




"Ман аз дурӯзагӣ кӯдакро гирифта калон кардам, аммо вақте панҷсола шуд, модараш омада гирифта бурд",-мегӯяд Садбарг.

Дар Тоҷикистон кам нестанд хонаводаҳое, ки барои аз ятимхона ва ё мустақим аз оилаҳо гирифтани кӯдак талош мекунанд. Аммо вақте мебинанд, ки ҷода ҳеле мушкилгузар аст, дилсард мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки иддае бинобар камбизоатӣ ва танҳоӣ аз баҳри бачаи худ мегузаранд ва дар ин бора санад имзо мекунанд. Ба ҳам овардани ин ду гурӯҳ ҳамоҳангии кори муассисаҳои давлатиро тақозо мекунад. Ҳамоҳангие, ки ба назар мерасад касе дар паяш нест.

Хонаводаҳое, ки бефарзанд ҳастанд, маъмулан бачаи ягон хеши наздики худро ба фарзандӣ мехонанд. Онҳое, ки аз ин гуна имконот маҳрум ҳастанд, умед ба ятимхонаҳои давлатӣ ва ё ҳодисаҳои тасодуфӣ доранд.

Дар Душанбе ду хонаи кӯдакон мавҷуд аст, ки ҳарду ҳам дар тобеияти вазоратҳои тандурустӣ ва маориф аст.

ТИФЛ ДАР ПАСИ ДАР

Баъзан сафоратхонаҳо ва созмонҳои хориҷӣ низ ба кӯдакони бесаробони тоҷик кӯмак мекунанд...
Нафаре, ки мехоҳад кӯдаки ятим ё бесарпарастро ба фарзандӣ гирад, бояд, ҳатман шаҳрванди Тоҷикистон бошад ва 16 санадро ба баррасии мақомот пешниҳод кунад. Саодат Набиева, пизишки Парваришгоҳи якуми Душанбе мегӯяд, ки ҳоло дар кӯдакистони онҳо беш аз 100 тифли то чаҳорсола зиндагӣ мекунанд.

Ин кӯдакон аз хонаводаҳои камибизоат ва “ноқис” мебошанд, ки ё дар парвариши танҳо падар буданд ва ё модари онҳо бемории рӯҳӣ дорад. Онҳо то чаҳор сол дар ин парваришгоҳ ба сар мебаранд ва сипас ба ятимхонаҳои дигар тақсим мешаванд.

Иддае дигаре бачаҳое ҳастанд, ки падару модар аз онҳо даст кашидаанд. Онҳо низ дар ин ҷо "меҳмон"-и муваққатиянд. Ҳамсӯҳбати мо қиссаи як тифлеро нақл кард, ки модараш ӯро шабона пушти дари кӯдакистон партофта рафтааст.

Саодат Набиева гуфт: "Се сол пеш шаби навбатдории ман посбони хонаи кӯдакон омад гуфт, ки пушти дар тифле гиря мекунад. Якҷо рафтем, дар ҳақиқат, кӯдаке мегирист. Азбаски зимистони сард буд, кӯдак сармо хӯрда буд. Нафаскашӣ ва таппиши дилаш тақрибан шунида намешуд. Кӯдак се чаҳор соат пушти дар будааст. Мо ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ бурдем, хушбахтона, наҷот ёфт. Ҳоло аз сабаби он ки ба бемории рӯҳӣ гирифтор аст, ба хонаи кӯдакони дигар гузаронида шуд."

Манобеи расмӣ мегӯянд, соли ҷорӣ ҳамагӣ 5 кӯдак аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ба фарзандӣ гирифта шудааст. Дар ҳоле ки фарзандхонӣ бо чунин печидагиҳо рӯбарӯ шудааст, хонаводаҳои бефарзанд ормонҳои худро аз тариқи ғайриқонунӣ бароварда месозанд. Онҳо мустақиман бо зани ҳомила, ки бе ин ҳам аз фарзандаш даст мекашад, пинҳонӣ муомила мекунанд ва бо пардохти як миқдор пул бачаро аз модари ӯ харидорӣ мекунанд. Санадҳои зарурӣ низ бо роҳи пардохти маблағ таҳия мешаванд.


КӮДАК -- 900 ДОЛЛАР?

Чанде пеш Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа, нисбат ба як модари ҷавон, ки ду тифли худро ба 900 фурӯхта буд, парванда боз кард. Ба қавли додситонӣ ин зани 20-сола танҳову бекор буд ва пас аз таваллуд бачаи худро ба ба як хонаводаи бефарзанди озарӣ фурӯхтааст.

Ҳанифа Сатторова, як масъули раёсати маорифи шаҳри Душанбе, ниҳоде ки фарзандхонӣ тавассути он расмӣ мешавад, мегӯяд, фарзандхонӣ кори осон нест ва дуруст аст, ки аз падару модари оянда санадҳои зарурӣ тақозо мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, давлат наметавонад сарнавишти кӯдакро ба нафарони тасодуфӣ супорад. Ӯ ба дарозо кашидани раванди фарзандхониро ба пажӯҳишҳои амиқи довталабҳо вобаста донист.

РАҲМОН: "ФАРЗАНДХОНИРО СОДДА КУНЕД"

Ҳуқуқдони тоҷик Тимур Камолов бар ин аст, ки қонунгузории кишвар дар бахши фарзандхонӣ мушкилиҳо дорад ва ин ҳолат боис ба он шудааст, ки даҳҳо кӯдак аз тарбия дар хонавода дур монанд. Ӯ мегӯяд, қонунгузорӣ бояд содда бошад ва хонаводаҳои бефарзандро барои фарзандхонӣ таҳрик диҳад.

Ҷаноби Камолов афзуд: "Вақте ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунӣ онҳо ҳар як ҳуҷҷатро бо шубҳа нигоҳ мекунанд, ба ҳукумат пешниҳод мекунанд, ҳукумат Комиясия таъсис медиҳад ва баъд ба суд мефиристад. Суд мебинад баъд ҳал мекунад. Дар кишварҳои дигар аз он ҷумула Русия ин марҳила мисли тоҷикистон мушкил ва печида нест."

Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури кишвар дар паёми солонаи худ ба ду палатаи парлумони Тоҷикистон аз наҳваи санадгузорӣ дар бахши фарзандхонӣ ёдоварӣ кард ва гуфт, барои хонаводаҳое, ки имкони хуби иқтисодӣ доранд, шароит фароҳам овард, то ятимонро ба тарбия фаро бигиранд.

Ҳоло хонаводаҳои бефарзанд умед доранд, ин даъвати раисиҷумҳур масъулони соҳаи маориф ва беҳдоштро барои содда кардани раванди фарзандхонии бачаҳои ятим такон хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG