Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо таъйиди ваколати Амирқул Азимов аз сӯи КМИР, баҳси ҷойгузини ӯ дар Шӯрои амният доғ шудааст.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, бо ин мақсад феълан дар рӯи мизи раиси ҷумҳур парвандаи панҷ нафар гузошта шудааст.

ГУЗИНАИ МУНОСИБ КИСТ?

Инҳо собиқ вазири амнияти кишвар Саидамир Зуҳуров, раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Фаттоҳ Саидов, вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров, додситони кулли кишвар Шерхон Салимзода ва мушовири сиёсати кадрии президент Абдуҷаббор Азизов мебошанд.

Гуфта мешавад, дабири нави Шӯрои амнияти Тоҷикистон мумкин аст аз байни ин панҷ нафар интихоб шавад, вале ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар лаҳзаи охир парвандаи шахси дигаре барои тасвиб ба раисиҷумҳур пешниҳод шавад.



Як корманди Дастгоҳи президент, ки хоҳиш намуд, номаш зикр нашавад, гуфт, ки дар миёни афроди номбаршуда шахси мутахассис ва шоиста Саидамир Зуҳуров аст ва аммо ба гумони ғолиб таъйин нахоҳад шуд. Ин манбаъ дар мавриди ашхоси дигар мегӯяд, ки онҳо низ номзадҳои сазоворанд, вале ҳарчанд дар ниҳодҳои қудратӣ фаъолият мекунанд, аз таҷрибаи кори истихборотӣ ва ҳамзамон дипломатӣ ба таври комил бархӯрдор нестанд.

МЕЪЁР ЧИСТ?

Аммо, ба сурати умум, ҳар шахсе, ки ба ин мақом баргузида мешавад, оё ҷавобгӯи кадом талабот хоҳад буд ва меъёрҳои пазируфта шудан ба сарварии Шӯрои амнияти кишвар кадомҳо буда метавонанд? Таҳлилгарон дар ин росто аз собиқа ва эътибори Амирқул Азимов ва махсусан ширкати ӯ дар ҳалли низоъ дар водии Рашт ё гуфтушунид бо мақомоти қудратии Қирғизистон ёд мекунанд.

Саймуддин Дӯстов, муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ"
Дар ҳоле, ки матбуоти кишвар дар бораи номзадҳои эҳтимолӣ матолиби гуногуне ба табъ мерасонад, Саймиддин Дӯстов, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Нигоҳ» мегӯяд: «Дар такя ба меъёри интихоб метавонам бигӯям, ки Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохила ва Абдуҷаббор Азизов, мушовири сиёсати кадрии президент шонси бештар доранд. Ва ин меъёр садоқатсолорӣ аст, ки ҳарду ба президент наздиктар ҳастанд дар мақомҳое, ки доранд. Ва дуввум ин ашхос амбитсияи сиёсӣ ва ҷоҳталабӣ надоранд, аз ин рӯ имкони бештар доранд.»

ПРОФЕССОР УСМОНОВ НАЗАРИ ДИГАР ДОРАД

Аммо профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири президент номи нафарерро тахмин мезанад, ки то ҳол ҳеҷ таҳлигар ва афроди наздик ба ҳукумат ба забон наовардаанд ва ҳатто онро номумкин мешуморанд.

Иброҳим Усмонов
Ба гумони Иброҳим Усмонов, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Абдураҳим Хайриддинов пас аз Саидамир Зуҳуров имкони зиёди дабирӣ метавонад дошта бошад: «Албатта Саидамир Зуҳуров шоиста ва сазовор аст, вале ӯро таъйин намекунанд. Ба тахмини ман имкон дорад собиқ раиси Кумитаи амниятро дар ин вазифа гузоранд. Зеро ин шахс генерал аст ва як сол мешавад, ки бекор аст. Пеш аз ҳама ин нафар мутахассиси ҳамин соҳа мебошанд, масалан Абдураҳим Қаҳҳоров ва нафарони дигар мутахассиси маҳз ин соҳа нестанд.»

Пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи амнияти миллӣ дар моҳи августи соли 2010, президенти Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимовро аз вазифааш барканор кард. Аз ин рӯ шонси генерал Абдураҳимовро камтар медонанд.

ШОЯД ҲАМ КАСИ ДИГАР ТАЪЙИН ШАВАД...

Вале баъзе аз ҳамсӯҳбатони дигари ман пас аз изҳори назар мегуфтанд, ки ба сурати умум таъйиноти кадрии президент Эмомалӣ Раҳмонро аслан намешавад пешгӯӣ кард ва ё ҳадс зад.

Зеро ба қавли онҳо бо пеш омадани бӯҳрони барқ дар кишвар дар зимистони соли 2009, Шарифхон Самиев бинобар бемасъулиятӣ аз вазифаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» барканор карда шуд, вале дере нагузашта директори неругоҳи "Норак" таъйин карда шуд ва баъдан ба вазифаи дигари давлатӣ ба курсии раиси ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа таъйин гашт.

Бо вуҷуди таъкид ба меъёрҳои ҳирфаии дабири ояндаи Шӯрои амният, аксарият мегӯянд, меъёри асосии интихобро эътимоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин шахс ташкил хоҳад дод.

Вале ин ишора ҳам ҳаст, ки ба раисиҷумҳур низ дар чунин мақом шахсе зарур хоҳад шуд, ки дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз арҷу эҳтиром бархӯрдор бошад ва бо сиёсатмадории худ тавонад дар муносибатҳои байнулмилалӣ низ аз кишвар ба хубӣ намояндагӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG