Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони ҳукми ду номзад ба мақоми президенти Белорус


Дар Белорус ҳукми ду собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз рӯи парвандаи ташкили бенизомиҳо дар Минск рӯзи 19 декабр – рӯзи интихоботи президентӣ эълон шуд.

Владимир Некляев ва Виталий Римашевский барои ду солӣ маҳкум ба зиндон шуданд ва аммо иҷрои ҳукм барои ду сол ба таъхир гузошта шудааст.

Додгоҳ онҳоро дар «ташкили аъмоли гурӯҳӣ, ки тартиботи ҷомеъаро халалдор месозад ва ё ширкат дар ин аъмол» айбдор кард.

То имрӯз аз рӯи "парвандаи 19 декабр" тақрибан 30 нафар ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG