Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ҳаққи раҳбарии вазорати нафтро надорад


Сипоҳи посдорони Қонуни асосии Эрон эълом дошт, ки раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ҳаққи иҷрои вазифаи вазири нафти кишварро надорад.

Ҳафтаи гузашта Аҳмадинажод вазири нафт Масъуди Миркозимӣ ва ду вазири дигарро дар чаҳорчӯби ислоҳоти ҳукумат ба истеъфо фиристод.

Ба навиштаи расонаҳои давлатии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод бояд ҳамчун кафили вазорати нафт ҳайати кишварро дар нишасти ОПЕК – Сомони кишварҳои содиркунандаи нафт сарварӣ кунад. Ин нишаст рӯзи 8 июн дар Вена баргузор мешавад.

Эрон соли равон раёсати даврии ОПЕК-ро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG