Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав далелҳои ҷосусии Лейдерманро дар даст дорад


Вадим Лейдерман, атташеи низомии сафорати Исроил дар Маскав, талош кардааст, ки иттилоъи сиррӣ дар бораи ҳамкориҳои низомиву техникии Русия бо бархе аз кишварҳои арабӣ ва Ҷомеъаи муштаракулманофеъро дастрас кунад.

Ба иттилоъи Хадамоти федеролии амнияти Русия, Маскав далелҳои қотеъи фаъолияти душманонаи Лейдерманро дар даст дорад.

Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Русия хабари аз кишвар ихроҷ кардани атташеи низомии сафорати Исроил Вадим Лейдерманро тасдиқ карда буд. Дар хабари вазорат гуфта шуда буд, ки Лейдерман рӯзи 12 май дар Маскав, ҳангоми гирифтани иттилоъи сиррӣ аз як шаҳрванди Русия боздошт шудааст.

Мақомоти Исроил иттиҳом алайҳи Лейдерманро бепояву бунёд хона буданд.
XS
SM
MD
LG