Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба мошинҳои консулгарии ИМА дар Пешовар


Толибони Покистон рӯзи ҷумъа масъулияти ҳамла ба ду мошини консулгарии ИМА дар Пешоварро ба ӯҳда гирифтанд.

Сухангӯи сафорати Амрико дар Покистон дар ин бора гуфтааст: "ҳеҷ амрикоӣ дар ин ҳодиса кушта нашудааст. Ду мошини консулгарии Пешовар ҳадафи ин ҳамла қарор гирифтанд. Яке аз мошинҳо дар ин ҳамла осеб дид. Мо дар ҳоли таҳқиқ ҳастем то бифаҳмем воқеан чӣ иттифоқе афтода аст.»

Пулиси Покистон низ эълом кард, ки як мошини бомгузоришуда дар наздикии мошинҳои консулгарии Амрико мунфаҷир шудааст.




Пештар дар Покистон баъзе мақомоти амниятии ин кишвар гуфта буданд, бар асари як бами канорҷодаи дар наздикии ду мошини консулгарии Амрико дар шаҳри Пешовар, як раҳгузари покистонӣ кушта ва чанд амрикоӣ ба таври сабук захмӣ шудаанд.

Ба дунболи ин инфиҷор, як сухангӯи Толибон бо номи Эҳсонулло Эҳсон дар тамоси телефонӣ аз ҷои номаълум ба хабарнигори Ройтерз масъулияти ин таркишро бар ӯҳда гирифтааст.

Ин сухангӯи Толибон афзудааст: «Дипломатҳои НАТО ҳадафи ҳамлаҳои Толибон ҳастанд. Покистон ҳадафи аввали Толибон аст ва Амрико ҳадафи дуввум.»

Ба гузориши Ройтерз, пулиси Покистон мегӯяд, ки дар ин ҳамла ҳудуди 50 килограм маводи тарканда истифода шудааст.

Теъдоди зиёде аз дипломатҳои ғарбӣ дар наздикии маҳали таркиш зиндагӣ мекунанд. Мақарри Усома Бин Лодин дар солҳои ҳаштоди қарни гузашта, замоне, ки исломгароён алайҳи нерӯҳои ишғолгари шӯравӣ дар Афғонистон меҷангиданд, низ дар Пешовар буд.

Пас аз кушта шудани бин Лодин тавассути нерӯҳои вижаи амрикоӣ, Покистон шоҳиди хушунати рӯзафзун шудааст ва танҳо дар ҳафтаи гузашта дар ду таркиш беш аз 80 нафар ҷон бохтанд.

Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида рӯзи 2-юми май дар шаҳри Иббитободи Покистон ба дасти нерӯҳои вижаи артиши Амрико кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG