Пайвандҳои дастрасӣ

Дуруст 10-сола будам, ки аввалин бор дар як ҷашни арӯсӣ шеъри ӯро шунидам. Гардонандаи базм пеш аз он ки навбатро ба мусиқӣ диҳад, порчае аз ашъори Лоиқ хонд ва ин чанд мисраъ, фикр кардам тамоми вуҷуди маро фурӯ бурд. То он вақт хуб намедонистам, ки шеър чӣ таъсире дар инсон дорад.

Баъдҳо дар маъракаҳои дигар ё аз радио шеъру таронаеро, ки мешунидам, зуд фарқ мекардам, ки ин ҳатман бояд моли устод Лоиқ бошад. Вале дуруст 10-сола будам, ки бо ӯ шинос шудам.

Пасон, дар мактаб, ки дар қатори дигар ҳамсинфон ба шеърхониву шеърёдкунӣ рағбате доштам, эҳсос мекардам, ки устод Лоиқ чӣ гуна зебо, равон ва озодманишона шеър мегӯяд.

Вай шояд аз ноёбтарин шоироне буда, ки бо шеърҳои дардошнои хеш ба дарди дигарон даво мешуд. Ошиқе шеъри ӯро мехонд ва фикр мекард, ин шеър аз дили худаш берун омадааст. Модаре шеъри ӯро мешунид ва дарк мекард, ки дарди модарон ба ин шоир бегона нест, балки ҳамсони дарди худаш аст. Миллат дар ашъори ӯ одату оин, бурду бохт, пирӯзиву нокомии хешро медид. Лоиқ Шералӣ мардумитарин шоири мо буд.

Шояд, Лоиқ эҳсос мекард, ки дар чунин замон (имрӯзҳо) мардонатар аз ҳама занонанд, ки дар кору заҳмати рӯзгор камтар аз мардон нестанд. Ва ӯ занони мардсирату шуҷоъро чунин тавсиф кардааст:

Сано бодо ба занҳое, ки марданд,
Баёзи зиндагиро байти фарданд.
Ба номардон бидода дарси мардӣ,
Даме ҳусни заниро кам накарданд.


Дар даврони донишҷӯӣ дар Хуҷанд, орзуи сафари диёри шоирро кардам ва аз кӯҳу гарданаҳо гузаштаму ба Панҷакент рафтам. Маро ҳамкасби азизам Шоҳини Равшан ва Диловари Лоиқзод, бузургписари устод Лоиқ бо ҳам пешвоз гирифтанд.

Аз рӯи нақшае, ки дар сар пазонда будам, ва албатта, бо машварати ин ду нафар, аввал ба Панҷрӯд ба зиёрати Оромгоҳи Рӯдакии бузург раҳсипор гаштем, чун ба он ҷо даррасидем, ва дуое ба равони Одмаушшуаро бахшидем, ба акксосии дохил ва беруни мақбараи Рӯдакӣ пардохтам. Дар сӯҳбати мардуми Панҷрӯд нишастам ва ин ҷо дӯстони зиёде пайдо кардам.

Пас он роҳ сӯи Мазори Шарифро пеш гирифтем. Рустое, ки устод Лоиқ дар он зода ва парварида шудааст. Як деҳаяке дар домони кӯҳу теппаҳои сарсабзу зебо.

Ибтидои ман, деҳаи хурди Мазор,
Интиҳои ман, ҷаҳони беканор.


Зимни сафар ба Мазори Шариф моро, Қорӣ Шариф Шералӣ бародарбузурги Лоиқ низ ҳамроҳӣ мекарданд.

Замоне ба хона-музеи устод Лоиқ расидем, бо сабаби кашидани сими нави барқ дар деҳа барқ набуд. Бо истифода аз равшании телефонҳои ҳамроҳ ва як чароғаки дастӣ ин хонаро ҳам зиёрат кардем, аммо барои акси муносиб бардоштан, рӯшанӣ кам буд. Лаҳзае баъд ба назарам ин гуна намуд, ки хона худ ба худ рӯшан гашт. Дар берун осмон пурабр набуд, ки гӯям, абрҳо парешон шуданду рӯшанӣ зиёд гашт. Ман чанд акс бардоштам. Баъд аз чанде, тақрибан пас аз 1-2 дақиқа хона аз нав торик шуд. Шояд хурофот шавад, агар бигӯям, ки ин лаҳзаҳо равони устод ба мададам расид ва барои чанд лаҳза хонаро рӯшан кард. Беҳтар аст, бигӯям, дар нигоҳи ман ин манзил аз нури шеърҳои дурахшони устод Лоиқ рӯшан гашт.

Пас роҳ ҷониби манзили Қорӣ Шариф гирифтем, зеро аз ин ҷо то хона-музеи устод фосилаи зиёде набуд.

Хотираҳои бародари шоир аз замони кӯдакиву наврасии устод Лоиқ фикри хобро то анқариби сӯбҳ аз сари мо дур карда буд.

Мазори Шариф ном шудани рустои Лоиқ, ба он хотире будааст, ки дар ин деҳа аниқтараш дар рӯбарӯи манзиле, ки устод Лоиқ мутаваллид шудаанд, мазоре ҳаст, ки дар он як идда бузургони асрҳои 10-12, аз ҷумла Хоҷа Муҳаммади Башоро, аз муҳаддисони машҳур зиставу чилла нишаставу фавтидаву дафн шудаанд. Хона-музейи устод Лоиқ дар паҳлуи ин оромгоҳ ба як мазори дигар табдил шудааст.

Ало, эй асри Бистуяк аҷаб нест,
Ки оғозат бувад, анҷоми Лоиқ!


Қори Шариф Шералӣ мегӯяд, ки замони кӯдакии устод Лоиқ бо бачаҳои деҳ паси рама мегаштаанду ҳезумчинӣ мекардаанд ва нахустин шеъре бо исми «Ном» -ро устод Лоик дар танаи санге дар танаи кӯх навиштааст, аммо ба асари боронгариҳои деҳ навиштаҷоте дар ин сангро оби борон бурдааст. Пасон Лоиқ андеша мекунад, ки ба рӯи санг навиштани шеър номи касро ҷовид нахоҳад кард. Вай номашро баъдҳо дар рӯи дили ҳамқавмонаш навишт. Ва ҳам дар сафҳаи сангини таърих.

Охирин маҷмӯае, ки устод ҳанӯз дар будани худ ба табъ расонд, «Фарёди бефарёдрас» аст, ки дардҳои бузурги хешро дар он бозтоб дод.
Дар ҷое аз ин маҷмӯа устод гуфтааст:

Мулк сангистону мо бесарварем,
Сар ба сар сардору мо бераҳбарем.


Ё ин ки:

Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст,
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам.


Ва ё:

Субҳе ба тоҷи бе сари миллат гиристам,
Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.
Якпорагишро ҳамекардам орзу дареғ,
Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.


Бо чашми хеш дида заволи ягонагӣ,
Бар уммату паямбари миллат гиристам.
Чун на сарӣ, на сарварӣ буд, ин сарои роҳ,
Ман бар ҷанозаи сари миллат гиристам.

Дар роҳи рост мехӯрад ҳар дам сикандарӣ,
Бар Қайсару Сикандари миллат гиристам.
Занги диро зи гардани астар чи нағмаест,
Бар зангхӯрда афсари миллат гиристам.


Хуни бародаре ба бародар раво шудаст,
Бар мадфани бародари миллат гиристам.
Аз бас талофии талафҳо надоштам,
Ҳар лаҳза дар баробари миллат гиристам.

Гавҳораҳо тиҳӣ шуданд , аз тифлу гиряҳо
Бар фахри ҳар музаффари миллат гиристам.
Фарзандҳош бе ҳадаф мурданду бе мазор,
Ман бар мазори модари миллат, гиристам.


Ва пас аз нашри ҳамин маҷмӯа шояд Лоиқ нафаси марги хешро эҳсос кард. Ба нақли бародарбузургаш Қорӣ Шариф, баъди нашри ин китоб шоир роздор ба назар мерасид ва ҳоли равонияш хуб набуд.

Аммо ҳақиқати онро, ки ӯро беморӣ аз мо рабуд ё фоҷиаи дигаре сар зад, таърих рӯзе исбот хоҳад кард.

Рӯҳат шод бод ай шоири дардошнои миллати тоҷик!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG