Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Караҷи Эрон маросими ифтитоҳи боғе мавсум ба «Тоҷикистон» бо ширкати сафири Тоҷикистон дар Эрон Давлаталӣ Ҳотамов ва мири шаҳри Караҷ Сайидалӣ Оғозода баргузор шуд.

Хабаргузории Азия-плюс бо такя ба раёсати иттилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навиштааст, ки боғи нав дар ду гектар доман густурдааст.

Марҳалаи аввали бунёди боғ анҷом ёфта, он то охири соли равон пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар он қисмати боғ, ки аллакай барои сайругашти мардуми Караҷ боз шудааст, гулгашту фаввораҳои зебо ва як қаҳвахонаи миллии эронӣ бунёд кардаанд.

Қарор аст майдони боқимондаи боғ аз рӯи анъанаҳои миллии тоҷикон бунёд шавад.
XS
SM
MD
LG