Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар Пешовар кори дасти толибон аст


Толибони Покистон масъулияти таркиш дар шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу шарқи кишварро, бар дӯш гирифтанд. Мошини ҳомили маводи тарканда дар роҳи корвони мошинҳои консулгарии Амрико мунфаҷир шуд.

Ба иттилоъи дипломатҳои амрикоӣ, дар ин ҳодиса ба кормандони консулгарӣ осеби ҷиддӣ нарасидааст. Ва аммо бар асари таркиш як сокини маҳаллӣ кушта ва даҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Раиси полиси Пешовар Алӣ Хон гуфт, ки "таркиш соати 8-у 25 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рӯх дод. Мошини ҳомили маводи мунфаҷирае таркид, ки дар канори роҳ буд. Мо бояд муқаррар кунем, ки ин мошин ҳаракат мекард ё не. Дар мошин тақрибан 50 кило маводи тарканда гузошта шуда буд".

Толибони Покистон изҳор кардаанд, ки барои куштори раҳбари “Ал-Қоида” Усома бин Лоден интиқом мегиранд.
XS
SM
MD
LG