Пайвандҳои дастрасӣ

Доминик Стросс-Кан, раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул, шурӯъ аз имрӯз таҳти ҳабси хонагӣ қарор хоҳад дошт. Ҳама равуои ӯро таҷҳизоти махсуси электронӣ назорат хоҳад кард.

Рӯзи панҷшанбе додгоҳи Ню-Йорк тасмим гирифт, ки Стросс-Канро бо пардохти як миллион доллар кафолатпулӣ аз маҳбас раҳо кунад.

Додситони Манхеттен Сайрус Вэнс изҳор намуд, ки онҳо барои ба додгоҳ фиристодани парвандаи раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул далели кофӣ зери даст доранд.

Доминик Стросс-Кан рӯзи панҷшанбе бо пахши як изҳорот аз мақом истеъфо дод ва ҳамзамон иттиҳоми таҷовуз ба номуси пешхизмати меҳмонхонаи шаҳри Ню-Йоркро қатъӣ рад кард.

Қарор аст мурофиаи навбатии додгоҳии Стросс-Кан рӯзи 6 июн баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол вазири молияи Фаронса Кристин Лягард аз номзадҳои аслии раёсати Сандуқи байнулмилалии пул маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG