Пайвандҳои дастрасӣ

Шиносоии ҷасади боз як тоҷики қурбонии сӯхтор


Ҳуввияти боз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бар асари сӯхтор дар шаҳри Маскав ба ҳалокат расидааст, ошкор шуд.

Ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Русия, ахиран ҷасади сокини 18-солаи ноҳияи Фархор Баҳром Насимов шиносоӣ гардид. Ба ин васила, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сӯхтор дар шаҳри Маскав ҷон бохтаанд, ба шаш нафар расид.

Ба иттилоъи сафорат, шахсияти боз як қурбонии ин ҳодиса то ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Субҳи 17 май дар як бинои сеошёнаи тангкӯчаи Болшая Афанасевскаяи Маскав сӯхтор ба амал омад, ки бар асари он ҳафт нафар кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд.

Тафтиши ҳодиса идома дорад.
XS
SM
MD
LG