Нерӯҳои НАТО мегӯянд, ҳашти киштии нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда ғарқ кардаанд. киштиҳо дар бандарҳои шаҳрҳои Троблус, Ал-Хумс ва Сирте мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Давлати Либия ин хабарро шарҳ надодааст. Пештар аз Либия эълом кард, ки дар сурати ихроҷ шудани размандагони шӯришиён аз шаҳрҳо, нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ низ ҳамин корро хоҳанд кард. Мӯсо Иброҳим, сухангӯи ҳукумати Либия гуфт, намояндаи Қаззофӣ зимни мулоқотҳояш дар Русия дар рӯзи панҷшанбе чунин пешниҳод кардааст. Дар Либия шӯришиён талош доранд, ба ҳукумати 41-солаи Муаммар Қаззофӣ дар ин кишвар хотима диҳанд.