Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангҷӯёни Толиб 35 роҳсози афғонро куштанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти ҷанубушарқии Пактиё ба як ширкати афғонии роҳсозӣ ҳамла карда ва 35 коргари онро куштанд. Дар ин ҳамла дар зӯҳри панҷшанбе дар ноҳияи Вазӣ Задрон 20 коргари дигар захмӣ шудаанд. Зимни ҳамлаи ҷангҷӯёни Толиб муҳофизони мусаллаҳи ширкат ба онҳо ду соат муқовимат нишон додаанд ва бовар меравад, ҳашт ҷангҷӯ кушта шуда бошанд. Пактиё бо Покистон ҳаммарз аст, ки дар онҷо Толибон паноҳгоҳ доранд ва гоҳ-гоҳ барои ҳамла ба нерӯҳои афғон ва хориҷӣ вориди Афғонистон мешаванд.
XS
SM
MD
LG