Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсия ба мардуми тоҷик дар рӯзҳои гаронӣ


Мақомоти расмӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додаанд, дар аёми гаронӣ маводи ғизоии арзонтар истеъмол кунанд. Сиҷоуддин Исроилов, муовини вазири кишоварзӣ дирӯз ба хабарнигорон гуфт, чун қимати гӯшти гов боло рафта ва тақрибан ба 5 доллар барои ҳар кило расидааст, беҳтар аст мардум гӯшти мурғ бихӯранд, ки қиматаш ним баробар камтар аз гӯшти гов аст. Сиҷоуддин Исроилов гуфт, афзоиши 40 дар садии қимати маводи сӯхт, бахусус қимати маводи ғизоиро дар Тоҷикистон боло бурд ва аз тарафи дигар афзоиши қимати гӯшти гов бинобар рушд накардани арсаи чорводорӣ дар кишвар аст, баръакси паррандапарварӣ, ки рушди бештаре дорад.
XS
SM
MD
LG