Пайвандҳои дастрасӣ

Обама:"Замони саркӯбгарӣ ба поён расидааст"


Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар вазорати умури хориҷаи Амрико

Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар вазорати умури хориҷаи Амрико

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе гуфт, қиёмҳои мардумии озодихоҳӣ дар саросари Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ барои Амрико фурсати таърихие фароҳам кардааст, ки дар ин минтақа демократия ва ислоҳотро ривоҷ диҳад. Дар як суханронии фарогир, дар вазорати умури хориҷаи Амрико дар Вашингтон, Барак Обама гуфт, “тағйироти фавқуллода” дар моҳҳои гузашта дар минтақа нишон дод, ки давраи саркӯбгарӣ ба поён расидааст:"Ҳодисаҳои шаш моҳи гузашта ба нишон дод, ки стротежии саркӯбгарӣ ва каҷроҳӣ дигар ба кор намеравад." Барак Обама афзуд, тазоҳургарон дар Ховари Миёна дар шаш моҳи гузашта ба пешрафтҳое даст ёфтанд, ки терористҳо дар даҳсолаҳо ба он ноил шуданд ва ба ҳимояти аз ҳуқуқи бунёдии мардум дар Ховари Миёна таъкид кард: "Амрико мухолифи истифода аз зӯр ва саркӯбгарӣ алайҳи мардум дар минтақа аст. Амрико аз ҳуқуқи бунёдии инсон ҳимоят мекунад. Он ҳуқуқ, шомили озодии сухан, озодии гирдиҳамоии осоишта, озодии эътиқод, баробарии зану мард бар асоси қуонун ва ҳаққи интихоби раҳбари худ аст.” Барак Обама гуфт, Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия роҳи кушторро пеш гирифтааст ва аз ӯ хост, аз ин роҳ баргардад ва ё аз қудрат биравад. Ӯ давлати Эронро низ барои ҳимоят аз Сурия интиқод кард. Раиси ҷумҳури Амрико аз Исроил ва Фаластиниён хост, бифаҳманд, ки “сулҳро ба кас бор намекунанд.” Барак Обама гуфт, ҳосили музокироти сулҳ бояд ду кишвар бошад, бо марзҳои доимии фаластинӣ бо Исроилу Ӯрдун ва Миср ва ҳамин тавр марзҳои доимии исроилӣ бо Фаластин.” Раиси ҷумҳури Амрико ба он кишварҳое, ки роҳи демократияро пеш мегиранд, кӯмакҳои иқтисодӣ ваъда кард. Ӯ гуфт, Амрико ба Миср дар ҳаҷми 2 миллиард доллар ба Миср кӯмакҳои молӣ ва қарз медиҳад ва ба зудӣ як хазинаи 2 миллиар долларӣ барои ҳимоят аз сармоягузории мустақим дар минтақа таъсис медиҳад. Барак Обама тарҳи тағйири фаъолияти Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро муаррифӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ аз ин ба баъд на фақат ба кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, балки ба кишварҳои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо сармоягузорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG