Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё метавон Ислом Каримовро "диктатор" номид?


Лола Каримова, духтари Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон
Лола Каримова, духтари Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Дар Фаронса баррасии аризаи шикоятии Лола Каримова, духтари Ислом Каримов, алайҳи як нашрияи интернетӣ оғоз ёфт.

Лола Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, даъво дорад, ки нашрияи интернетӣ падари ӯро ноодилона "диктатор" хондааст.
Ҳамчун бахши матбуоти Фаронса мо метавонем дар мақола бинависем, ки Лола Каримова духтари диктатор аст. Зеро ин воқеият дорад...


Духтари раисиҷумҳур нашрияи фаронсавии “Rue82”-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ба додгоҳ кашида, 30 ҳазор евро ҷуброни маънавӣ хостааст.

Нашрияи интернетии “Rue82” дар мақолае таҳти унвони ”Фишори фаъолони зидди СПИД дар дохил ва худнамоӣ дар Канн”, Лола Каримоваро ҳамчун “духтари диктатор” муаррифӣ карда навиштааст, ки ӯ бо баргузории нишастҳои хайрия ва пора додан ба афроди шӯҳратёри ғарбӣ мехоҳад, кишвари худро дар чашми хориҷиҳо “сафед” кунад.

ХУДНАМОИИ ДУХТАРОНИ КАРИМОВ?

Раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов

Ин мақола 20-уми майи соли 2010 дар остонаи баргузории маъракаи “Синамо алайҳи СПИД”, ки дар Канн баргузор шуда буд, нашр гардид. Гулнора Каримова, духтари бузурги президент Каримов аз ҳамраисҳои баргузории ин маърака буд.

Нашрияи фаронсавӣ навиштааст, дар ҳоле ки Гулнора Каримова дар ин шабнишинии хайрия ҳамраисӣ мекард, мақомоти кишвараш фаъоли ҷилавгирӣ аз паҳншавии СПИД Максим Поповро барои пахши маълумот дар бораи ҷилавгирӣ аз ин маризӣ зиндонӣ карданд.

Дар ҳоле, ки Лола Каримов аз вуҷуди фаъоли зидди СПИД, Максим Попов ва боздошти ӯ ёдовар нашудааст, вале иддаои нашрияро радд кардааст, ки мегӯяд Лола барои ширкат дар маъракаи хайрия ба ҳунарманд Моника Белуччӣ 190 ҳазор евро додааст. Лола Каримова ин маъракаро моҳи феврали соли гузашта дар Париж баргузор кард.

"ИСБОТИ ГУФТАҲО КОРИ ДУШВОР НЕСТ"

Аммо муаллифи мақола Аугустин Скалберт гуфт, ки барои исботи далелҳои нашршуда дар мақола маводи кофӣ дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба натиҷаи додгоҳ хушбин аст, зеро Фаронса кишварест, ки ба ҳуқуқи инсон арҷ мегузорад.

“Ҳамчун бахши матбуоти Фаронса мо метавонем дар мақола бинависем, ки Лола Каримова духтари диктатор аст. Зеро ин воқеият дорад. Аммо бар пояи қонун мо бояд собит кунем, ки падари ӯ диктатор аст. Ин кори душворе нест. Зеро шаш соли пеш дар ҷараёни кушторҳои дастҷамъона теъдоди зиёди мухолифини ҳукумат зиндонӣ ва шиканҷа шудаанд. Аз ин рӯ, исботи диктатор будани Каримов душвор нест”,-илова кард ӯ.

"Ӯ ДИКТАТОР АСТ"

Эътирозҳо алайҳи Каримов дар хориҷ аз Узбакистон
Дар зимн, муроҷиати додгоҳии феълӣ як ҳафта баъд аз солгарди хунрезиҳои Андиҷон баргузор мешавад. Як ҳафта пеш фаъолони ҳуқуқи башар ва узбакҳои муҳоҷир дар гӯшаҳои мухталифи дунё барои поси хотири қурбониёни ин саркӯбии ваҳшатбор ҷамъ омаданд.

Мӯътабар Тоҷибоева, фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, аз шоҳидони он саркӯбиҳост. Ӯ мегӯяд: “Ман бо итминон шаҳодат медиҳам, ки Каримов диктатор аст. Ман асноди зиёде дорам, ки диктатор будани ӯро собит мекунанд ва ман ин санадҳоро ба додгоҳ ироа мекунам.”

"НА ҲАМА МУҚОБИЛИ КАРИМОВАНД"

Аз сӯи дигар, дар Узбакистон на ҳама аз дидгоҳи Тоҷибоева ҳимоят мекунанд. Як соҳибкори узбак зимни ширкат дар сӯҳбати мизи мудаввар гуфт, ки бо раҳбарии Ислом Каримов Узбакистон ба озодии чашмгири мазҳабӣ даст ёфт, на ба мисли Фаронса, ки барои пӯшидани либосҳои мазҳабӣ ба занҳои мусалмон маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Ба бовари мунтақидони Каримов ва фаъолони ҳуқуқи башар, Лола Каримова баробари ба додгоҳ кашидани як нашрияи ғарбӣ ба падари худ "хизмати хирсона" мекунад. Зеро ин мурофиа таваҷҷӯҳро ба вазъи ногувори ҳуқуқи башар дар ин кишвар боз ҳам афзоиш медиҳад.

"ПАРВАНДАИ ХАНДАОВАР"

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз”мегӯяд, “ин парванда хандаовар буд, ба шарте, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон ин қадар ғамангез намебуд. Лола Каримова дар кишвари худаш барои ба додгоҳ кашидани нашрияе зарурат надошт. Ҳамчунин, замонате вуҷуд надорад, ки додгоҳҳои Узбакистон мисли додгоҳҳои Фаронса қазовати одилона кунанд. Ин ки раҳбарони худкома ва аҳли хонаводаи онҳо аз сохтори адливу қазоии кишварҳои демократӣ ба нафъи худ истифода мекунанд, шадидан нигаронкунанда аст.”
XS
SM
MD
LG