Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 85 ҳазор нафар синфи 11 ва ҳудуди 160 ҳазор синфи нӯҳумро хатм мекунанд.

Бо вуҷуди мушоҳидаи таҷрибаи нокоми бархе аз хатмкунандаҳо бисёре аз хонандаҳои синфи 11 ба оянда хушбинанд ва мегӯянд, занги охир онҳоро қадаме ба орзуву ормонҳояшон, наздиктар месозад.
Сол то сол афзудани сафи сокинони камсаводу беихтисос бояд мояи нигаронии ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад...


Аммо бо вуҷуди ин ҳама мавҷудияти фасод ва воситабозӣ ба ҳангоми шомил шудан ба донишгоҳҳо дар дили онҳо низ тухми ҳаросро коштааст.

Пажӯҳишгарони тоҷик мегӯянд, ҳамасола ба бозори меҳнати Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандаҳо ҳудудан 150 ҳазор нафар ворид мешаванд. Аз ин теъдод танҳо 23 дарсад донишҷӯи мактабҳои олӣ, 16 дарсад шомили муассисаҳои махсуси касбӣ ва ибтидоӣ мегарданд.

Аммо ҳудудан 90 ҳазори онҳо ба қавле дар кӯча мемонанд, ки аз ин ҳисоб 50 дарсадашон аслан ихтисос ва ё ҳунар надоранд. Ин ҷавонон, ки ғолибан дар чорсӯи зиндагӣ ҳайронанд, сафи муҳоҷирони меҳнатиро афзун мекунанд. Духтарон бошад, маъмулан роҳи наҷотро дар издивоҷ мебинанд, агар албатта, муввафақ сурат бигирад.



Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҷавонони тоҷик аз ояндаи худ дар ин кишвар хушбин набуда, зиндагии минбаъдаи худро дар кишварҳои пешрафта барномарезӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, мавҷудияти фасод ва ношаффофӣ дар озмунҳои ҷойҳои кории дилхоҳ ва маоши ночиз боис ба дилсардии бисёре аз ҷавонони фаъолу донишманд гаштааст.

Коршиносон мегӯянд, бақои давлат ва омили аслии рушди ҳар як ҷомеа аз мутахассисону донишмандон вобаста аст. Аз ин рӯ, сол то сол афзудани сафи сокинони камсаводу беихтисос бояд мояи нигаронии ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG