Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин баҳси Роғун бе иштироки Тошканд гузашт


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун (Акс аз бойгонӣ)

Дар нахустин баҳси тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Алмаатои Қазоқистон, намояндагони кишварҳои минтақа хостори идомаи пажӯҳиши дақиқи масъалаи марбут ба бунёди ин нерӯгоҳ шуданд.

Ду рӯзи аввали баҳс бо ширкати намояндагони расмии кишварҳои минтақа ҷараён гирифт.

Аммо ба ин баҳс ҷониби Узбакистон, ки яке аз мухолифони тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун аст, бо сабабҳои номаълум ҳозир нашуд ва баҳс бидуни ин кишвар идома кард.

Асадулло Ғуломов, нахуствазири Тоҷикистон бо раҳбари Маҷлиси Намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров

Асадулло Ғуломов, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ки ҳайъати кишваррро дар ин нишасти Қазоқистон раҳбарӣ мекард, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт: "Хоҳиш дорем, то онҳо дар мулоқоти оянда иштирок бикунанд. Зеро мегӯянд, "меҳр дар чашм аст" ва вақте рӯ ба рӯ мешиниву сӯҳбат мекунӣ, албатта, суди зиёд ҳосил мекунӣ. Мо боварии комил дорем, ки дар вохӯрии оянда, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ташкил карда мешавад, бародарони узбакистонӣ ширкат мекунанд ва мо бо ҳам масъалаҳоро дида баромада, роҳҳои ҳалли масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро пайдо мекунем."



Ҷаноби Ғуломов гуфт, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон хостори идомаи омӯзиши тарҳи нерӯгоҳи Роғун шуданд, то сохтмони ин иншооти бузург баъд аз пажӯҳиши комил оғоз гардад. Ҳатто ҷониби Қазоқистон гуфтааст, метавонад пас аз анҷоми пажӯҳиш дар бунёди ин сохтмон ширкат кунад.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар ин баҳс намояндагони Афғонистон низ ба сабаби дер хабар ёфтанашон ширкат накардаанд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар нишасти навбатӣ ин кишвари ҳамсоя низ иштирок хоҳад кард.

Рафиқа Мӯсоева, раиси Иттиҳодияи энергетикҳои Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Вале рӯзи сеюми нишаст баҳс бо ширкати созмонҳои ғайридавлатии ҳама кишварҳои минтақа сурат гирифт. Ба гуфтаи Рафиқа Мӯсоева, раиси Иттиҳодияи энергетикҳоиТоҷикистон, ҳарчанд назарҳои гуногун дар робита ба сохтмони Роғун баён шуд, вале онҳо талош мекунанд, то ба ҳамагон фаҳмонанд, ки сохтмони ин нерӯгоҳ натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба ҳама кишварҳои дигари минтақа манфиат дорад.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки баҳси навбатӣ дар бораи тарҳи Роғунро мизбонӣ бикунад. Ин пешниҳод, тавре дар ҳамоиш баён карданд, мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт.

Лозим ба таъкид аст, ки ҳарчанд нахустин баҳс атрофи нерӯгоҳи Роғун як ҳамоиши корист ва минбаъд боз ду баҳси дигар низ бояд доир гардад, вале он комилан паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва ҳатто дар баҳс бо ширкатҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ба хабарнигорон иҷозаи ширкат дода нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG