Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Пактиё ба роҳсозон ҳамла карданд


Дар Афғонистон бар асари ҳамлаи гурӯҳи толибон ба кормандони як ширкати роҳсозӣ дасти кам 35 тан аз коргарону муҳофизони онҳо кушта ва тақрибан 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилоъи соҳибони ширкати Galaxy Sky ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамла субҳи рӯзи панҷшанбе дар вилояти кӯҳии Пактиё, дар наздикиҳои марзи Покистон сурат гирифт.

Теъдоди ҳамлагарон беш аз сад нафар буд ва дар асари задухӯрде, ки тақрибан панҷ соат идома кард, чанд тан аз онҳо низ кушта шуданд.

Толибон ҳангоми тарки ҷойи ҳодиса, чанд мошини боркашро бо худ бурданд.
XS
SM
MD
LG