Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми Каспий: Тоҷикистон бо Испания бозӣ хоҳад кард


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий, ки аз 11-ум то 16-уми июн дар Озарбойҷон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ин мусобиқаи байнулмилалӣ бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор мешавад. Футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “В” 11-уми июн бо тими Испания, 12-уми июн бо мунтахаби Гурҷистон ва 14-уми июн бо дастаи Қазоқистон бозӣ хоҳанд кард.

Ба гурӯҳи “А” тимҳои мунтахаби наврасони Озарбойҷон, Туркия, Узбакистон ва Қирғизистон дохиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ қувваозмоӣ мекунанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дуввумро соҳиб мешаванд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Ба иттилои Нӯъмон Юсуфов, мураббии калони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, иштирок дар Ҷоми Каспий барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2012 маҳсуб мешавад. Вай афзуд, мо аввалин бор бо тимҳои аврупоӣ бозӣ хоҳем кард ва ин ба мо имкон медиҳад, ки таҷоруби хуби байнулмилалӣ касб намоем.
XS
SM
MD
LG