Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Тунису Миср кӯмак пешниҳод мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, имрӯз дар суханронии умда оид ба ҳаводиси Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна, ба Мисру Тунис, ки низомҳои худкомаашон бар асари тазоҳуроти мардумӣ суқут намудаанд, кӯмаки иқтисодӣ пешниҳод хоҳад кард.

Ба иттилоъи манобеъ дар Кохи Сафед, аз ҷумла, кӯмаки иқтисодӣ ба Миср тақрибан 2 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

Раисиҷумҳури ИМА ҳамчунин аз Бонки аврупоии бозсохт ва рушд даъват хоҳад кард, ки аз ислоҳоти иқтисодӣ дар Ховари Миёна пуштибонӣ кунад.

Интизор меравад, ки дар ин суханронӣ Барак Обама хостори эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластин шавад ва аз ҳукумати Сурия, ки намоишҳои эътирозии мардумиро саркӯб месозад, интиқод кунад.
XS
SM
MD
LG