Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доминик Стросс-Кан аз мақоми худ истеъфо дод


Доминик Стросс-Кан аз мақоми раиси Сандуқи байнулмилалии пул истеъфо дод.

Дар изҳороти ахираш Стросс-Кан аз тарки мансаб хабар дода, иттиҳоми таҷовуз ба номуси пешхизмати меҳмонхонаро қатъӣ рад кардааст. Сиёсатмадор ва иқтисоддони фаронсавӣ айни ҳол дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Ню-Йорк ба сар мебарад.

Чанд рӯз пеш як пешхизмати меҳмонсаро дар Ню-Йорк Доминик Стросс-Канро дар таҷовуз ба номус айбдор кард. Раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул дар ҳавопаймо дар ҳоле боздошт шуд, ки мехост ба Порис парвоз кунад.

Имрӯз додгоҳ дархости нави вакилони мудофеъи Стросс-Кан барои раҳоии ӯ баъд аз пардохти кафолатпулиро баррасӣ хоҳад кард. Дархости аввал аз сӯи додгоҳ рад шуда буд.
XS
SM
MD
LG