Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 17 нафар дар ду таркиш дар Киркук


Бар асари ду таркиши пайи ҳам дар канори қароргоҳҳои полис дар шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ, дасти кам 17 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бештари қурбониён – кормандони полисанд. Масъулияти ин ҳамлаи террористиро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Дар Киркук низоъҳо миёни арабҳо ва курдҳои маҳаллӣ зуд-зуд рӯх медиҳанд.
XS
SM
MD
LG