Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миронов: Аз номзади "Русияи воҳид" пуштибонӣ намекунем


Ҳизби “Русияи боадолат” ба Ҷабҳаи халқии умумирусиявӣ шомил нахоҳад шуд ва аз номзади ҳизби “Русияи воҳид” дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ нахоҳад кард.

Дар ин бора имрӯз раҳбари “Русияи боадолат” Сергей Миронов, ки дирӯз аз мақоми раиси Шӯрои Федератсияи Русия сабукдӯш шуд, хабар дод.

Ӯ ҳамчунин тайид кард, ки мехоҳад вакили Думаи давлатӣ шавад. Ба гуфтаи Миронов, ҳашт вакили фраксияи ҳизб дар Думаи давлатӣ барои дар ихтиёри ӯ гузоштани мандатҳои худ изҳори омодагӣ кардаанд.

Дирӯз маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург Сергей Мироновро аз Шӯрои Федератсия бозхонд ва ба ин васила ӯ аз садри палатаи болоии парлумони Русия канор рафт.

Вакилони маҷлиси Санкт-Петербург фаъолияти Мироновро дар Шӯрои Федератсия "ғайримуаасир" арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG