Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарор аст, имрӯз раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама дар бораи сиёсатҳои кишвараш дар ҷаҳони ислом паём диҳад.

Интизор меравад, дар ин суханронии Обама бархӯрди ояндаи Иёлоти Муттаҳида ба таҳаввулоти сарнавиштсози кишварҳои араб ва куллан мамолике, ки мехоҳанд, ба рушду шукуфоӣ даст ёбанд муайян шавад.

Инчунин раҳбари Амрико мавзеъгирии расмии ҳукумати худро дар робита ба раванди қатъшудаи гуфтушуниди Исроил ва фаластиниҳо баён хоҳад кард. Ба ақидаи коршиносон, паёми имрӯзаи Барак Обама сиёсаати даҳсолаҳои ояндаи Амрико дар ҷаҳони араб ва мусулмонро тарҳрезӣ хоҳад кард.

Интизории Шумо аз ин паём чист? Дар он дар бораи кадом масъалаҳо ва посух ба кадом суолҳоро шунидан мехоҳед? Ба сиёсати Амрико дар баробари рӯйдодҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ чӣ назар доред? Дар ин паём оё дар робита ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Шӯравии собиқ чӣ бояд гуфта шавад?



Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони тоҷик Амрикоро аз кишварҳои пуштибони демократия дар ҷаҳон унвон мекунанд, аммо ба ин нукта иттифоқи назар доранд, ки ин рисолаташро Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои исломӣ ба дурустӣ анҷом намедиҳад.

Онҳо, ки дар остонаи паёми навбатии Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ба олами ислом сӯҳбат мекарданд, мегӯянд, ба хотири зудудани амрикобадбинӣ дар олами ислом як гуна тағйироте дар сиёсати хориҷии ин кишвар пеш омадааст.

Давлаталӣ Давлатзода, аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, сиёсатҳои Амрико дар олами ислом духӯра аст, аз ҷумла агар аз як кишвари автократӣ ҷонибдор бошад, ба як кишвари демократии дигар фишор меорад:



Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, гоҳо Амрико аз ҳадди ваколатҳои худ дар сатҳи байнулмилал баромада, истиқлолияти кишварҳоро таҳти суол қарор медиҳад:



Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ҳасодиси олами араб нишон дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба эътирозҳои мардумӣ аз доираи манофеъи худ баҳо медиҳанд ва ҳамаро ҳамчун пуштибони демократия ба як чашм намебинанд:



Абдувоҳид Шамолов, коршиноси умури сиёсӣ дар Тоҷикистон бар ин аст, ки сиёсатҳои Амрико дар олами ислом ҳамон гуна идома доранд, ки 40 соли қабл матраҳ шуда буданд ва бо ҳамон шева пеш хоҳанд рафт:



Фаррух Умаров, аз Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Обама дар паёми худ куштори бин Лодин ва ҳаводиси ахир дар олами арабро рабт хоҳад дод:



Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, умедвор аст, ки Барак Обама аз он ҳама иштибоҳоте, ки дар гузашта дар олами ислом Амрико карда буд, сӯҳбат мекунад:



Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори тоҷик мегӯяд, Амрико ва олами ислом ҳанӯз омодаи он нестанд, ки якдигарро ба пуррагӣ қабул кунанд ва равобити беғубор дошта бошанд:

.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG