Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико алайҳи Башшор Асад, таҳрим эъмол кард


Давлати Амрико алайҳи Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва шаш дастёри аршади ӯ бинобар нақзи ҳуқуқи инсон таҳрим эъмол кард. Ин дар ҳолест, ки қарор аст, имрӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико доир қиёмҳои мардумӣ дар кишварҳои арабӣ суханронӣ кунад. Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, Барак Обама дастур додааст, “фишорҳо ба ҳукумати Сурия афзоиш дода шавад, то он ба истифода аз хушунат хотима диҳад ва гузариш ба низоми демократиро шурӯъ кунад, ки ҳуқуқи бунёдии мардуми Сурияро тазмин медиҳад.” Бар асоси ин дастур ҳар моликияти мутааллиқ ба Башшор Асад ва дастёрони ӯ дар Амрико масдуд мешавад. Дар тазоҳуротҳои зиддидавлатии Сурия, ки ду моҳ боз идома дорад то кунун 850 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG