Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс: Давлати Покистон аз ҳузури Бин Лодин бехабар буд


U.S. -- Defense Secretary Robert Gates speaks during a press briefing at the Pentagon in Washington, DC, 21Apr2011

U.S. -- Defense Secretary Robert Gates speaks during a press briefing at the Pentagon in Washington, DC, 21Apr2011

Роберт Гейтс, вазири дифоъ ва Майк Муллен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфтанд, “ҳеҷ мадракеро” надидаанд, ки нишон бидиҳад, раҳбарияти Покистон медонист, ки Усома Бин Лодин дар назди Академияи низомӣ дар шаҳри Аббутобод паноҳгоҳ дошт. Усома Бен Лоданро рӯзи 2 май дар ҳамин шаҳр куштанд. Роберт Гейтс мегӯяд: "Ман аслан ҳеҷ мадракеро доир ба огаҳии раҳбарияти баландпояи Покистон надидам. Дар воқеъ, баъзе мадракҳо чизи баръаксро нишон медиҳанд. То ҳол мо далелеро дар ин замина надидем, аммо ман фикр мекунам, ки шояд касе дар Покистон аз ҳузури ӯ хабар дошт." Майк Муллен гуфт, баъди таҳлили маводи забтшуда аз қароргоҳи Бен Лодин шояд ҳомиёни ӯ дар Покистон ошкор шаванд. Вазири дифоъи Амрико ҳамчунин алайҳи коҳиши кӯмакҳои молии Амрико ба Покистон ҳушдор дод, ки баъзе аз вакилони конгресси Амрико хоҳони онанд.
XS
SM
MD
LG