Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи саёраҳои "саргардон" дар Бурҷи Каҳкашон


Ситорашиносон даҳ саёраи бузурги баробар ба Муштариро пайдо кардаанд, ки дар Роҳи каҳкашон саргардонанд, чун дар банди мадори ҳеҷ ситорае ҳам наафтодаанд. Пажӯҳише дар ин бора дар маҷаллаи бритониёии “Nature", нашр шудааст. Ситорашиносон мегӯянд, ин курраҳои газии азим баробар ба бузургтарин саёраи манзумаи офтобӣ ба онҳо кӯмак мекунад, муаммои ташаккули саёраҳоро боз кунанд. Ба гуфтаи баъзе аз мунаҷҷимон, чунин саёраҳои саргардон шояд бештар аз теъдоди ситораҳо бошанд.
XS
SM
MD
LG