Пайвандҳои дастрасӣ

Мадрасаи духтаронаи Покистонро оташ заданд


Тундравони исломӣ дар Покистон як мадрасаи духтаронаро оташ зада ва 80 духтарро аз идомаи таҳсил маҳрум карданд. Ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, ин мадраса дар рустои Манерой дар ноҳияи қабиланишин Свобӣ дар вилояти Хайбар Пахтунхва воқеъ шудааст. Аз ҷумла дар оташсӯзӣ чанд нусхаи китоби Қуръон низ нобуд шудааст. Касе дар ин ҳодиса осеб надидааст. Тайи солҳои ахир тундгароён дар ғарби Покистон садҳо мактабу мадрасаи духтаронаро оташ зада нобуд карданд.
XS
SM
MD
LG