Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар чаҳор бозии даври нӯҳуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон мизбонон пирӯз шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

“Шодмон” (Ҳисор) дар майдони худ “Гвардия” (Душанбе)-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Голҳои “Шодмон”-ро Худойдод Нусратов (дақиқаи 22-юм), Рустам Хоҷаев (30), Комрони Мирзохон (37) ва Маҳмадсаид Бобомуродов (41) ва як голи
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин панҷ нафар - Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Комил Саидов (ССКА “Помир”), Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) бо панҷголӣ дар сафи пешанд...

меҳмононро Абдурасул Раҳмонов (57) ба самар расонданд.

“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) тими меҳмон -“Хайр” (Ваҳдат)-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯбро Аскар Равшанов дар дақиқаи 29-ум вориди дарвозаи меҳмонон кард.

“Энергетик” (Душанбе) дар майдони худ ССКА "Помир" (Душанбе)-ро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои “Энергетик”-ро Габриэл Донто (20), Шодибек Ғаффоров (54) ва Акмал Авазов (63) заданд. Ду голи ССКА “Помир” ба Зафар Зубайдов (45) ва Далер Раҷабов (84) мутааллиқ аст.

"Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) ба дастаи меҳмон - "Вахш" (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро дар нимаи аввали дидор Ҷомихон Муҳиддинов ва Мансур Ҳакимов ба ҳадаф расонданд. Як голи меҳмононро Аҳтам Ҳамроқулов дар нимаи дуввум зад.

Ёдовар мешавем, бозии “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Равшан” (Кӯлоб) бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Индус Ҳусейнов, ҳамлагари “Равшан”, дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 61-ум, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Муҳаммад Уматқулов, легионери узбакистонӣ, дар замони изофӣ (90+6) ба самар расонд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин панҷ нафар - Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Комил Саидов (ССКА “Помир”), Фозил Сатторов (“Равшан”) ва Габриэл Донто (“Энергетик”) бо панҷголӣ дар сафи пешанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Равшан"

9

6

2

1

15-5

20

2.

"Истиқлол"

6

5

1

0

13-1

16

3.

"Регар-ТадАЗ”

8

5

0

3

15-10

15

4.

"Хайр”

7

4

2

1

10-3

14

5.

"Энергетик”

8

4

1

3

12-12

13

6.

ССКА “Помир”

7

4

0

3

14-10

12

7.

"Шодмон"

9

3

1

5

14-15

10

8.

"Хуҷанд”

8

2

3

3

6-11

9

9.

"Парвоз”

8

2

0

6

7-23

6

10.

вардия”

8

1

2

5

7-18

5

11.

ахш”

8

1

0

7

7-12

3


Бозиҳои даври 10-ум

21 май (шанбе)

«Парвоз» - «Равшан»

22 май (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
«Энергетик» - «Хайр»
«Хуҷанд» - «Вахш»


Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд

Эзоҳ: Бозии «Истиқлол» - «Гвардия» ба мӯҳлати дертар гузошта шуд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG