Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев аз посух ба суол дар мавриди ширкаташ дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ худдорӣ кард.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон, ки дар маркази инноватсионии Сколковои канори Маскав баргузор шуд, ӯ гуфт, ки барои пахши ин гуна изҳорот на нишасти хабарӣ, балки нишасти сатҳи дигарро бояд интихоб кард. Дмитрий Медведев афзуд:

"Агар ман дар ин бора ба қароре бирасам, изҳорот хоҳам дод. Фурсати зиёде барои интизорӣ боқӣ намондааст. Ин изҳороти метавон гуфт хело зудрас аст."

Дмитрий Медведев гуфт, ки бо Владимир Путин солҳои тулонӣ боз ҳамроҳ кор мекунанд ва муносибати онҳо фаротар аз истилоҳи тандем аст.


Раисиҷумҳури Русия афзуд, ки ӯ ва Путин дар баъзе масъалаҳо дидгоҳи мухталиф доранд ва аммо стратегияи онҳо хело наздик аст. Дмитрий Медведев ҳамчунин изҳор намуд, ки дар сурати ширкаташ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба ягон нерӯи сиёсӣ ҳатман такя хоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар шароити кунунии Русия, аз сӯи раисиҷумҳур ташкил шудани ҳизби сиёсиро баъйид намедонад.




Дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ Дмитрий Медведев равобити Русияро бо Амрико ва НАТО “на он қадар бад” арзёбӣ кард. Ҳамзамон ӯ изҳор намуд, ки мавзӯъи дифоъи зиддимушакӣ ва сипарии мушакии Амрико дар Аврупо аз мавзӯъҳои муҳим боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Медведев, ҳалли ин мавзӯъ ба равобити Русияву Ғарб ва то куҷо татбиқ шудани Созиши коҳиши силоҳи стратегӣ таъсир хоҳад дошт.

Ӯ хостори ҳамкории Русияву НАТО дар мавзӯъи дифоъи зиддимушакӣ шуд ва бори дигар ҳадс зад, ки мустақар кардани системи зиддимушакӣ дар Аврупо на алайҳи кишварҳое чун Эрон, балки шояд алайҳи Русия равона шудааст. Раисиҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки дар сурати аз рӯи, ба истилоҳ сенарияи бад сурат гирифтани ин раванд, Маскав аз чораҳои шадид кор мегирад.

Дар посух ба суоли дигари хабарнигори Радиои Озодӣ оид ба муносибати Маскав ба Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи башар Дмитрий Медведев гуфт, ки Русия талоши аз ин додгоҳ берун шудан надорад, ҳарчанд он бештар муқобили Русия ҳукм содир мекунад:

“Русия узви ин додгоҳ аст, ҳама санадҳоро имзо кардааст ва бояд онҳоро иҷро намояд. Мо дар оянда ҳам чунин хоҳем кард. Ҳамзамон, чун мо демократияи дар ҳоле ташаккулем, камбудиҳо дорем ва дар баъзе ҳолатҳо додгоҳ алайҳи Федератсияи Русия ҳукм содир мекунад. Дар маҷмӯъ ин ҳукмҳо иҷро мешаванд, аз ҷумла, пардохти маблағҳо аз хазинаи кишвар ба афроди шикоятбурда. Ва аммо дар баъзе ҳолатҳо ба назар мерасад, ки қарори суд бетарафона нест”.

Дмитрий Медведев дар посух ба суол дар бораи аз мақоми Раиси Шӯрои Федератсия бозхондани Сергей Миронов гуфт, ки ин ҳодиса ғайримуқаррарӣ нест. Ӯ афзуд, ки Миронов намояндаи нерӯи муайяни сиёсӣ ҳизби “Русия боадолат” аст ва бозхондани ӯ аз мақоми раиси Шӯрои Федератсия баёнгари ихтилофи назарҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар аст.

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ Медведев тавассути интернет хабар ёфт, ки Маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург барои боз хондани Сергей Миронов аз мақоми намояндаи ин маҷлис дар Шӯрои Федератсия раъй додааст.

Дар ҷараёни нишасти хабарӣ аз Дмитрий Медведев суол карданд, ки раҳоии раҳбари пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковский то куҷо хатарнок аст. Ӯ кӯтоҳ ҷавоб дод, ки аз маҳбас озод шудани Ходорковский барои ҷомеъа ягон хатар надорад.
Ни нахустин нишасти хабарии густурдаи Дмитрий Медведев дар мақоми раисиҷумҳури Русия буд. Аз ин пеш ӯ фақат бо раҳбарони шабакаҳои бузурги телевизионии Русия сӯҳбат меорост.

Дар нишасти хабарии раисиҷумҳур дар Сколково 817 хабарнигори русу хориҷӣ ширкат доштанд. Барои қиёс, дар нишасти хабарии раисиҷумҳури пешини Русия Владимир Путин дар се соли пеш 1364 хабарнигор иштирок карданд ва он тақрибан чаҳор соат идома карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG