Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Курсии "нимахолӣ"-и раиси боздоштшудаи IMF


Раиси Сандуқи байнулмилалии пул, Доминик Стросс-Кан дар мошини полиси Ню Йорк.

Раиси Сандуқи байнулмилалии пул, Доминик Стросс-Кан дар мошини полиси Ню Йорк.

Эҳтимоли истеъфои раиси Сандуқи байнулмилалии пул, Доминик Стросс-Кан баҳси ояндаи ин ниҳодро ангехтааст.

Стросс-Кан ба таарузи ҷинсӣ ва кӯшиши таҷовуз ба номуси як пешхидмати меҳмонсаро айбдор шуда, дар маҳбаси Иёлоти Муттаҳида ба сар мебарад.

Бо вуҷуди он ки аз фаъолияти ӯ дар ҳалли бӯҳрони молӣ дар кишварҳои Аврупо ситоиш мешавад, иттиҳоми алайҳи Стросс-Кан ба гунаест, ки дар садри Сандуқи байнулмилалии пул боқӣ мондани ӯро тақрибан номумкин мегардонад.

Дар ин байн чандин нафар номзади эҳтимолии курсии Кан шумурда шуда, ин даъват ба амал меояд, ки раҳбари нави Сандуқи байнулмилалии пул набояд маҳз ва фақат маҳдуд ба Аврупо бошад.

ИСТЕЪФОИ ГУРЕЗНОПАЗИР?

Афтодани Доминик Стросс-Кан аз курсии раиси Сандуқи байнулмилалии пул, дар ҳоле ки ӯ бо иттиҳоми ҳамлаи ҷинсӣ дар маҳбас ба сар мебарад, як амри муайян шумурда мешавад. Суоли матраҳ ин аст, ки вай худаш хоҳад рафт, ё ӯро, ба истилоҳ, хоҳанд “равонд”.

Вазири молияи Иёлоти Муттаҳида Тимотӣ Гейзнер рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт: “Мусалламан, вай дигар дар мавқее нест, ки ба Сандуқи байнулмилалии пул раҳбарӣ кунад ва ман фикр мекунам, хеле муҳим аст, ки шӯрои мудирон касеро расман раҳбари муваққат таъин намояд.”

Додгоҳи Ню Йорк розӣ нашуд, Кан дар ивази гаравпулӣ ба озодӣ барояд ва агар пешниҳоди дубораи гарав дар рӯзи ҷумъа низ рад шавад, Сандуқи байнулмилалии пул маҷбур хоҳад буд, ки дар мавриди сарвари хеш тасмимгирӣ кунад.

Аз сӯи дигар зане, ки Стросс-Канро ба таарузи шаҳвонӣ айбдор мекунад, низ ба ақибнишинӣ омода нест. Вакили ҳуқуқии ӯ, Ҷеффрӣ Шапиро ба хабарнигорон гуфт, зани 32-солаи сиёҳпӯст, ки аз Гвинея ба Иёлоти Муттаҳида кӯчидааст, ба истиснои як духтари 15-сола каси дигаре надорад ва аз ояндаи худ ҳаросон аст.

Вакил Шапиро мегӯяд, "ҳақиқат ин аст, ки зан аслан намедонист, чӣ касе ба ӯ ҳамла кардааст ва инро, ки он шахс раиси Сандуқи байнулмилалии пул будааст, рӯзи дигар аз расонаҳо шунид. Биноан, фарзияе, ки вай гӯё ҷузве аз тарҳи махфӣ ё тавтеъаи байнулмилалист, хандаовар аст ва ин исбот хоҳад шуд.”

КУРСИИ НИМАХОЛӢ?

Дар партави моҷаро акнун баҳс ба он сӯ мекашад, ки чаро раисиони Сандуқи байнулмилалии пул бояд ҳамеша аз Аврупо ва сарони Бонки Ҷаҳонӣ ҳамеша аз Иёлоти Муттаҳида бошанд. Ин таомулро, ки аз замони таъсиси ду ниҳоди байнулмилалии пулӣ пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум мерос мондааст, намояндагони кишварҳои дигар сабабгори сиёсатҳои бесамар ва гоҳе зиёновари Сандуқи байнулмилалии пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дар як силсила мамолик медонанд.

Чунончӣ, иқтисодшинос, Баграт Асатриён мегӯяд, Сандуқи байнулмилалии пул ҳавсаманди он аст, ки кишварҳои қарзи бештару бештар бигиранд. Ин кор барои кишварҳое чун, масалан, Арманистон, Тоҷикистон ё фаразан, Бангладеш хеле бад аст.

Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ба ҳукуматҳо боло бурдани нархи газ, об ва нерӯи барқро машварат медиҳанд.

Чин, Ҳиндустон, Бразилия ва Мексика бо назардшти вазни афзояндаи иқтисодии худ дар ҷаҳон хостори онанд, ки дар идораи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ нақши муҳимтар дошта бошанд. Бо ин ҳол иқтисодшиноси ҳинд Сингҳ Аҳлувалия, сармоядори сингопурӣ Тарман Шанмугаратнам, раиси бонки миллии Мексика, Агустин Карстенс, раиси пешини бонки марказии Бразилия, Армино Фрага, мушовири чиноии Стросс-Кан Мин Жу ва дигарон ба ишғоли курсии раиси Сандуқи байнулмилалии пул омода гаштаанд.

Аммо гумон аст, Аврупо, ки дар панҷаи бӯҳрони молист, ҳадди ақал ҳоло ин курсиро аз даст диҳад. Вазири молияи Фаронса Кристин Лагард, раиси пешини бонки миллии Олмон Аксел Вебер, сарвари бунёди ҷубронпулиҳои Аврупо Клаус Реглинг, вазири пешини молияи Олмон Пир Штейнбрук ва вазири пешини молияи Туркия Камол Дарвеш низ номзадҳои эҳтимолии курсии Стросс-Кан номбар шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG