Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори Алҷазира аз боздошт дар Эрон раҳо ёфт


Доротӣ Парвоз

Доротӣ Парвоз

Хабарнигори телевизиони Алҷазира Доротӣ Парвоз аз боздошт дар Эрон раҳо ёфта, ба Доҳа баргашт. Хонум Парвоз, ки шаҳрвандии Амрикову Канада ва ҳам Эронро дорад, дар поёни моҳи апрел вақте ғайб зад, ки бо ҳадафи пайгирии эътирозҳо вориди Сурия шуд. Мақомоти Сурия баъдан гуфтанд, ки Доротӣ Парвоз мехост бо шиносномаи мӯҳлаташ сипаришудаи Эрон вориди ин кишвар шавад ва аз ин рӯ, ӯро ба Эрон пас фиристодаанд. Телевизиони қатарии Алҷазира имрӯз таъйид кард, ки Парвоз аз Эрон ба Доҳа баргашт ва вазъаш хуб аст.
XS
SM
MD
LG