Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Мадраса" дар вилояти Суғд


Масҷиди Хуҷанд
Масҷиди Хуҷанд
Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти “Мадраса” 3 мавриди таълими ғайриқонунии диниро ошкор ва алайҳи мударрисон парванда боз кардаанд. Раҳматшоҳ Раҳматшоев, муовини раиси идораи пулиси Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни ин амалиёт 120 кӯдаки аз дарс канормондаро низ ба мактаб баргардондаанд.
Мақомоти Тоҷикистон, ки тундравии исломиро як таҳдид ба амнияти кишвар арзёбӣ мекунанд, тайи солҳои охир ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин тамойюл муборизаро бо ҳалқаҳои сабтиномношудаи таълими динӣ шадид кардаанд. Феълан дар вилояти Суғд, ки ҷамъияташ беш аз 2 миллион аст, ҳамагӣ 3 мадрасаи мутавасситаи исломӣ амал мекунад.
XS
SM
MD
LG