Пайвандҳои дастрасӣ

Тақӣ Раҳмонӣ дигарбора боздошт шуд


Тақӣ Раҳмонӣ

Тақӣ Раҳмонӣ

Хабарнигор ва фаъоли сиёсии эронӣ Тақӣ Раҳмонӣ ҳамагӣ 2 рӯз баъд аз раҳоияш аз зиндони Эвини Теҳрон дубора боздошт шуд. Ҳамсари ӯ Наргис Муҳаммадӣ ба Радиои Фардо гуфт, ӯро шоми якшанбе дар баҳои 150 миллион туман(ҳудуди 140 000 доллар) пули гарав раҳо карда буданд, аммо 2 рӯз баъдаш бо баҳонаи имзо кардани кадом санад ба зиндон хоста, аз нав боздошт карданд. САДО Тақӣ Раҳмонӣ хабарнигор ва муовини раҳбари Маркази ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Теҳрон буд. Ӯ тайи 2 соли охир 3 дафъа боздошт шуда, бори охир аз моҳи феврал ба ин сӯ бидуни эълони айбнома дар зиндон қарор дошт.
XS
SM
MD
LG