Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳамлаи НАТО дар Толуқонро маҳкум кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҳамлаи шаби гузаштаи НАТО дар вилояти Тахорро, ки ду марду ду зан аз як хонаводаро кушта ба ҷо гузошт, маҳкум кард. Имрӯз дар ҷараёни эътирозҳои хушунатомез алайҳи ин ҳамла дар шаҳри Толуқон, маркази вилояти Тахор дастикам 10 нафар кушта ва беш аз 50 тан захмӣ шуданд. Ҳудуди 1500 тазоҳургар дар Толуқон бо нирӯҳои амниятӣ даргир шуда, посгоҳи НАТО-ро сангборон карданд.
Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, афроди дар ҳамлаи НАТО кушташуда ғайринизомӣ буданд, аммо ба гуфтаи НАТО, ҳама онҳо, бо шумули он ду зан, силоҳ доштанд ва кӯшиш кардаанд алайҳи нирӯҳои эътилоф тир кушоянд.
XS
SM
MD
LG