Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори тоҷикони ҳалокшуда дар сӯхтор ба панҷ расид


Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ҳуввияти боз ду тани дигар аз 7 қурбонии сӯхтори бузурги субҳи сешанбе дар тангкӯчаи Болшой Афанасевский переулок дар маркази Маскав шиносоӣ ва низ шаҳрванди Тоҷикистон будани онҳо маълум шудааст. Бино ба маълумоти сафорат, Қаҳрамон Мараҷабови 38-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Исҳоқ Раҷабови 48-сола аз ноҳияи Бохтарро пайвандони онҳо шинохтаанд. Ҳуввияти се тоҷики аввали ҳалокшуда дар ин сӯхтор дирӯз эълон шуда буд. Ҷанозаи ду тани дигар то ҳол шиносоӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG