Пайвандҳои дастрасӣ

Милитсияи Хатлон дар соли ҷорӣ беш аз 150 мавриди истифодаи ғайримақсади сабукравҳои хизматиро аз сӯйи мансабдорон ошкор кардааст.

Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, сӯйистифода аз мошинҳои хизматӣ дар қаламрави минтақа ба қавле «мӯд» шуда, иддае аз амалдорон ҳатто дар рӯзҳои фориғ аз кори давлатӣ ҳам онро ба манофеи шахсӣ ё хонаводагиашон истифода мекунанд.

CӮЙИСТИФОДА АЗ МОШИНҲОИ ХИЗМАТӢ

Вай мушаххасан аз мансабдорони ба истилоҳ, «хатокор» ном набурд, аммо
Абдураҳмон Бузмаков, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон
гуфт, аксари кулли онҳо ходимони давлатӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳастанд: «Фармони Президенти ҶТ, АП№161, ҳолатҳои зиёди ғайримақсаднок истифода бурдани нақлиётҳои хизматӣ ошкор карда шуда, ронандагон тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои лозима тартиб дода шуда, нисбати роҳбарони бевоситаи онҳо ба мақомотҳои болоияшон мактубҳо барои андешидани чораҳои интизомӣ фиристода шудааст. Ҳамаи онҳое, ки ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, асосан аз мақомотҳои ғайринизомӣ ҳастанд…»

Ҷаноби Бузмаков афзуд, мансабдороне, ки аз мошинҳои хизматии худ ба фоидаи шахсӣ истифода мекунанд, мисли он аст, ки аз мақоми хизмати худ сӯйистифода мекунанд ва дар сурати такроран ошкор шудани чунин ҳолат, дар беҳтарин маврид, дар бораи барканорияшон аз ниҳоди давлатӣ масъалагузорӣ хоҳад шуд.

"СӮЙИСТИФОДА АЗ МАҚОМ ЧИЗИ НАВ НЕСТ"

Таҳлилгари тоҷик Сӯҳроб Табаров мегӯяд, ошкор шудани мавридҳои зиёди
Сӯҳроб Табаровб, таҳлилгари тоҷик
сӯйистифода аз мошинҳои хизматӣ аз ҷониби мансабдорон, сокинони одии кишварро метавонад нороҳату асабонӣ кунад. Бавижа дар пасманзари болоравии бесобиқаи баҳои бензину мушкилоти дигари иқтисодӣ дар кишвар, ки талошҳои мақомоти давлат барои беҳсозии авзоъ ва ҷилавгирӣ аз афзоиши нархҳо натиҷаи дилхоҳ надоштаанд. Оқои Табаров мегӯяд: «Ин хел мисолҳо пештар ҳам буд, ҳоло ҳам ҳаст. Бисёр воқеъ мешуд, ки занону фарзандони одамони мансабдорро дар даруни мошинҳои хизматии шавҳар ё падарашон медидем, ки ё ба саёҳат мерафтанд ё барои анҷоми корҳои хонагии худ. Ҳарчанд, ки тақрибан аксар мансабдорон соҳиби як ё якчанд мошини шахсӣ мебошанд. Фикр мекунам, пас аз содир шудани амри Президент, кормандони БДА барои беҳтар кардани ҳисоботи худ ин хел мавридҳоро бештар ба қайд мегирифтагӣ шуданд. Худи одамони мансабдорро ҳам мебояд, ки дар сарфи маблағҳои буҷа, ки ҳамин мошину бензинашон ҳам бо пули буҷа, яъне бо пули мардум, харида мешавад, боэҳтиёт бошанд, то нуфузу обрӯяшонро аз даст надиҳанд…»

Ҷаноби Табаров афзуд, азбаски маводи сӯхт ва худи сабукравҳои хизматӣ бо сарфи маблағи буҷаи давлат дастрас мешаванд, ниҳодҳои нозирро мебояд назорати ин масрафотро таҳким бахшанд.

ДАВЛАТ ХАРҶИ МАҚОМОТРО КОҲИШ МЕДИҲАД

Дар ҳамин ҳол, Шариф Ғафуров, раиси идораи молиёти вилояти Хатлон, мегӯяд, бахши аудити ниҳоди мазкур танҳо ҳамин масъулияти назорати
Шариф Ғафуров, раиси идораи молиёти вилояти Хатлон
сарфи маблағҳои буҷаро аз сӯйи идораҳои давлатӣ ва раҳбарони он ба дӯш дорад. Вай дар посух ба суоли радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти болоравии қимати маводи сӯхт, харҷи давлат ҳам барои харидории он афзун шуда, аз мақомҳои давлатӣ тақозо шудааст, ки харҷи худро ҳадди аксар коҳиш дода, танҳо дар зарурат аз мошинҳои хизматиашон истифода кунанд: «Ба ҳар як автомашинаи хизматӣ, мувофиқ ба тамғаи мошин ва чанд қувваи аспро доштанаш, аз 250 литр то ба раисону муовинонашон ва он нафароне, ки рӯзу соатҳои кори берун аз меъёр доранд, ё дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳам кор мекунанд, то 30 фоиз иловагӣ, яъне ҳудудан то 325 литр сӯзишворӣ ҷудо карда мешавад. Албатта, ҳолатҳои истифодаи номуассир ё ғайримақсаднок ҳам ошкор шудааст, вақте ки дар Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор мекардам, тақрибан дар ҳама шаҳру ноҳияҳо аз ҳамин ҳисоб маблағҳои аз меъёр зиёд хароҷот кардани сӯзишворӣ ошкор карда мешуд…»

НАМУНАИ МАЪМУЛИ ФАСОДИ АМАЛДОРОН

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои коршиносон, сӯйистифода аз мошинҳои хизматӣ як намунаи маъмули фасод дар «ҷомеа»-и амалдорони тоҷик маҳсуб мегардад.

Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд: «Мансабдоре, ки аз мошини хизматии худ дар ғайри мавқеъи худаш истифода мекунаду ҳамроҳ бо пайвандонаш дар рӯзҳои истироҳату дигар корҳо истифода мекунад, хеле осон аз
Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
дигар «имтиёзҳо»-ҳои худ ҳам истифода карда метавонад, ҳарчанд давлат ин мошинҳо ва имтиёзҳою шароитҳои кориро ба мансабдорон танҳо барои пешбурди кори давлат ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум муҳайё кардааст. Аз эҳтимол дур нест, ки чунин мансабдороне, ки нотарсида аз мошини хизматӣ истифода мекунанд, ба дигар умури фасодкорӣ ҳам даст зада метавонанд…»

РАИСИ ҶУМҲУР ҲАМ НИГАРОНӢ КАРД

Ин ҳама дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар дафъа вазирону дигар ходимони давлатиро барои истифодаи номуассир ё ба манфиати шахсии мошинҳои хизматӣ мавриди интиқод қарор медиҳад. Агар ҳам дар солҳои пеш одамон хонумҳои амалдоронро савораи мошинҳои хизматӣ дар ҳоли шопингу назди бозорҳо медиданд, аммо ин мавридҳо аз сӯйи маъмурони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта намешуданд. Танҳо пас аз таъкидҳои батакрор ва содир шудани амри расмии раиси ҷумҳур дар ин бора, ходимони милиса бо ҷуръати бештар чунин навъи қонуншиканиро сабтином мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG