Пайвандҳои дастрасӣ

Сайфуладл раҳбари муваққати Ал-Қоида шуд


Сайф Одил

Сайф Одил

Бино ба хабарҳо, шабакаи Ал-Қоида ҷангии мисритабор Сайфуладлро раҳбари муваққати худ эълон кард. Ал-Қоида аз 2 май, баъди қатли Усома Бен Лоден тавассути нирӯҳои вижаи Амрико дар Аббатободи Покистон бераҳбар монда буд.
Сарҳанги собиқи нирӯҳои вижаи Миср Муҳаммад Иброҳим Маккавӣ, ки бо лақабҳои Сайфуладл ва Иброҳим Маданӣ маъруф аст ва синнаш аз 48 то 53 сол гуфта мешавад, дар солҳои 80 дар Афғонистон ҷангида, соли 2001 ба Эрон рафт ва, бино ба хабарҳо, то соли гузашта дар ин ҷо таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт. Ӯ соле пеш ба Покистон омад ва ба фаъолиятҳои Ал-Қоида пайваст.
Сайфуладл ба бомбгузориҳои сафорати Амрико дар Найробӣ ва Доруссалом дар соли 1998 айбдор мешавад ва Амрико дар баҳои сари ӯ 5 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG