Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пайкон" ин бор ба далели молӣ аз нашр монд


Фазлиддин Хоҷаев
Фазлиддин Хоҷаев
«Пайкон», аз ҳафтаномаҳои мустақили чопи Душанбе дигарбора аз нашр монд. Фазлиддин Хоҷаев, сардабири «Пайкон» ба Радиои Озодӣ гуфт, чопхонаи «Шарқи Озод» ба далели ба 7 000 сомонӣ расидани қарзи нашрия аз чопи шумораи навбатии он худдорӣ карда, чопхонаи дигар низ ба нашри ин шумораи «Пайкон» розӣ нашудаанд.
«Пайкон» дар тирамоҳи гузашта ҳам дар пайи нооромиҳои водии Рашт барои қариб 2 моҳ аз нашр бозмонда, вазорати адлия дар оғози моҳи май Дафтари таҳқиқоти журналистӣ – муассиси ин ҳафтаномаи мустақилро низ баст.
XS
SM
MD
LG