Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тайи як шабонарӯзи ахир қариб 45 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат гуфтааст, зери 29 кило ҳашиш дар Душанбе аз як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мусодира шуда, 15 кило ҳашиши дигар аз як нафари дигар дар Ҳамадонӣ гирифта шуд. Ҳамин тавр, дирӯз як кило кӯкнор дар Истаравшан мусодира шудааст.
Рӯзи душанбе ходимони гумрук дар фурудгоҳи Душанбе як мусофири хатти сайри Душанбе-Маскавро боздошт карданд, ки беш аз 1 кило ҳероинро дар дохили тираки хамиркунӣ ҷо карда буд.
XS
SM
MD
LG