Пайвандҳои дастрасӣ

"Модар Сӯзон" озод шуд. Бо Муборак чӣ мекунанд?


Cӯзон Муборак, ҳамсари диктатори собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак

Cӯзон Муборак, ҳамсари диктатори собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак

Cӯзон Муборак, хонуми раҳбари пешини Миср, барои дар ихтиёри давлат гузоштани сарвату молу мулкаш розӣ шуд.

Ӯ ахиран зери санаде имзо гузошт, ки бар пояи он аз манзили бошукӯҳ дар канори шаҳри Қоҳира ва 3,4 миллион доллар дар ду ҳисоби бонкияш ба манфиати давлат даст мекашад.

"МОДАР СӮЗОН" ОЗОД ШУД

Вакилони дифоъи хонум Сӯзон умедворанд, ки баъди ин созиш бо ҳукумат, бозрасии парванда алайҳи ӯ қатъ мешавад. Додситонии Миср Сӯзон Муборакро дар сӯиистифода аз нуфуз ва мавқеъият айбдор мехонад.

Замони қудрати Ҳуснӣ Муборак хонум Сӯзон узви Кумитаи миллии модару кӯдак буд ва раёсати ҷунбиши «Маърифат барои ҳама»-ро бар ӯҳда дошт. Барои фаъолияти хайрия миёни мардум ӯ чун «Модар Сӯзон» маъруф буд.

Ба назар мерасад, ки Ҳуснӣ Муборак низ ба хотири афв омода аст аз баҳри молу мулк ва сарвати солҳо ҷамъовардааш бигзарад. Ахиран телевизиони Al-Arabiya бо такя ба шабаки al-Shorouk хабар дод, ки рӯзи сешанбе Ҳуснӣ Муборак дар як паём аз номи худ ва хонаводааш барои ҳама аъмоле, ки аз он ба мардуми Миср осеб расидааст, маъзарат хостааст.

Дар ин нома омадааст, бештари иштибоҳҳо дар сиёсати Миср бар асари он содир шудаанд, ки мушовирони Муборак ба ӯ иттилоъи бардурӯғ додаанд. Ҳуснӣ Муборак ишора кардааст, ки ба ивази афв омода аст ҳама дороии худро дар ихтиёри давлати Миср гузорад.

Ва аммо Алиризо Нуризода, коршиноси масоили сиёсӣ дар Лондон, мегӯяд, ки аз ин ду нафар фақат хонум Сӯзон шонси афв шуданро дораду халос. Ба гуфтаи ӯ, “эҳтимолан ироаи сарвати ғайримашрӯъ боиси он мешавад, ки хонум Сӯзон мавриди авф қарор бигирад, зеро иттиҳом алайҳи ӯ – сӯиистифода аз нуфуз ва мавқеъият барои касби сарвати ғайримашрӯъ аст”.

ИМКОНИ АФВИ ҲУСНӢ МУБОРАК ВУҶУД НАДОРАД

Ва аммо Ҳуснӣ Муборак, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба ҷуз фасоду сӯиистифода аз мақом ҳамчунин дар дастури муқобилаи мусаллаҳона бо мардум айбдор мешавад ва аз ин рӯ “фақат ироаи амволу сарвати ғайримашрӯъ наметавонад боиси афви ӯ гардад.”

Аз сӯи дигар, меафзояд Алиризо Нуризода, дар ҷомеъаи Миср рӯҳияи зидди Муборак авлавият дорад ва мардум мехоҳанд бубинанд, ки раҳбари пешини кишвар чӣ гуна муҷозот мешавад.

ДОРОИҲОИ МУБОРАК МУНҶАМИД МЕШАВАД

Дар ҳоле, ки Ҳуснӣ Муборак ва завҷааш Сӯзон омодаанд аз баҳри сарвати худ бигзаранд, ҳукумати Швейсария ва вазорати адлияи Миср гуфтушунид дар мавриди бозгардони садҳо миллион доллари Муборак ва атрофиёнашро шурӯъ карданд.



Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳайати Швейсария изҳор кардааст, ки кишвараш маблағҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадаро нигаҳ доштанӣ нест. Швейсария ҳисобҳои бонкии 12 нафар аз мақомоти Миср, аз ҷумла, Ҳуснӣ Муборакро, ки дар онҳо тақрибан 320 миллион доллар маҳфуз аст, мунҷамид сохтааст.

Бар пояи иттилоъи ҳукумати ИМА, дороии Ҳуснӣ Муборак аз 2 то 3 миллиард долларро ташкил медиҳад ва дар бонкҳои гуногуни олам нигаҳ дошта мешавад.

МИСР ДАР ЧАНГИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ

Мақомоти Миср мегӯянд, ки кишвар ба ин маболиғ ниёз доранд, зеро баъд аз суқути ҳукумати Муборак, Миср ба бӯҳрони иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд. Воридот ба буҷа, аз ҷумла, аз бахши сайёҳиву ҷаҳонгардии Миср, сармояи хориҷӣ ва интиқоли маблағи мисриҳо аз хориҷа коҳиш ёфт. Аз моҳи феврал ба ин сӯ ҳукумати Миср аз захираи арзӣ 8 миллиард долларро сарф кард. Ин захира, ки то нооромиҳо дар Миср 36 миллиард долларро ташкил медод, замони қудрати Муборак сол то сол афзоиш меёфт.

Ахиран додгоҳ мӯҳлати боздошти Ҳуснӣ Муборакро бори дигар тамдид кард. Ӯ дар чаҳорчӯби иттиҳоми фасоду сӯиистифода аз мақом ва куштори тазоҳургарон барои 15 шабонарӯз боздошт шудааст. Қарор буд, ки раисиҷумҳури пешин ба бемористони маҳбаси Қоҳира интиқол ёбад ва аммо вазъаш бад шуд ва ӯ ҳоло дар бемористони Шарм-ул-Шайх зери назорати табибон қарор доранд. Хонум Сӯзон ҳам дар бемористони ин шаҳр аст.
Маризии дили хонум Сӯзон замоне хурӯҷ кард, ки ҳукми боздошти ӯ барои 15 шабонарӯз содир гардид ва муфаттишон бозпурсияшро шурӯъ карданд. Қарор буд, ки рӯзи якшанбе табибон дили хонум Сӯзонро ҷарроҳӣ кунанд ва аммо бар асари якбора боло рафтани фишори хуни ӯ амалиёт мавқуф гузошта шуд.

МУБОРАК АЗ ЁДҲО ЗУДУДА МЕШАВАД

Дар ҳамин ҳол мақомоти Миср мехоҳанд, ки номи Ҳуснӣ Муборак ҳарчӣ зудтар аз сари забонҳо хориҷ шавад. Ахиран яке аз истгоҳҳои метрои Қоҳира, ки солҳо номи раисиҷумҳурро дошт, ба ёди қурбониёни тазоҳуроти мардумӣ “Шуҳадо” номгузорӣ шуд.

Маъракаи аз байн бурдани номи Ҳуснӣ Муборак аз лавҳаҳои бемористону муассисаҳои ҳукуматӣ ва марказҳои фарҳангиву хиёбонҳо ду моҳ боз идома дорад. Ҳамзамон аз хиёбонҳо аксҳои Муборак ҳам барчида шуданд. Мақомоти хиёбону майдону муассисаҳо ва ҳатто деҳаҳоеро, ки қаблан номи Ҳуснӣ Муборакро доштанд, “Инқилоби 25 январ” номгузорӣ кардаанд. Дар шаҳри Шарм-ул-Шайх, ки бо талошҳои Муборак ба яке аз фароғатҳои маъруфи олам табдил гардид, акси бузурги раҳбари пешинро дар фурудгоҳи байнулмилалӣ канданд ва муҷассамаи ӯ дар даромадгоҳи шаҳр тахриб шуд.

Муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳое, ки исми хонум Сӯзон Муборакро доштанд, низ тайғири ном карданд. Мақомоти лавҳаҳо бо номи ҳампаймону ҳамсангарҳои Муборакро низ аз хиёбонҳои шаҳрҳои бузург барчиданд.
Ахиран ҷоизаи ба номи Муборак, ки ҳамасола ба бузургони адабиёту санъат ва улуми иҷтимоиву фановариҳои Миср супурда мешавад, “ҷоизаи Нил” номгузорӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG