Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чопхонаи "Шарқи озод" ба далели молӣ аз нашри ҳафтаномаи мустақили "Пайкон" худдорӣ кардааст.

Фазлиддин Хоҷаев, сармуҳаррири нашрия мегӯяд, тайи чанд моҳи ахир "Пайкон" аз ин чопхона 7 ҳазор сомонӣ қарздор шуд ва ҳамчунин ду
"Пайкон" аз моҳи марти соли 2009 ба фаъолият шурӯъ карда дар беҳтарин айёми фаъолияташ то ҳафт ҳазор нусха ва ҳафтаҳои ахир ба теъдоди 2 ҳазор нашр мешуд...
шумораи ахираш бо як ноутбук ва як компютери саримизӣ нашр шуд.

Дигар таҷҳизоти фаннии нашрияро ҳудуди як моҳ пеш бо қарори додгоҳ ба нафъи "Тоҷикстандарт" мусодира карда буданд.

Ҷаноби Хоҷаев мегӯяд, дар сурати идомаи фаъолият, имкони бозгардонидани қарзи чопхона вуҷуд дошт, аммо бо қатъи фаъолият ин имконнопазир мешавад. Вай афзуд, ба чанд чопхонаи дигаре, ки муроҷиат кардаанд, посухи радд гирифтаанд.

Тибқи бархе манобеи дигар, сабаби аз чопи "Пайкон" сар тофтани чопхонаҳо, қарори додгоҳ дар бораи қатъи фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, муассиси нашрия пеш омадааст. Бар пояи шикояти Вазорати адлия, фаъолияти ин Бюро дар оғози моҳи равон қатъ шуда буд.

"Пайкон" аз моҳи марти соли 2009 ба фаъолият шурӯъ карда дар беҳтарин айёми фаъолияташ то ҳафт ҳазор нусха ва ҳафтаҳои ахир ба теъдоди 2 ҳазор нашр мешуд.

Заиф шудани фаъолияти нашрияро ҳамчунин ба маризии мудаввоми муассиси Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ Ҷумъабой Толибов рабт медиҳанд, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ бистарӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG