Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон дар остонаи бӯҳрони ғизоӣ?


Қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон боло рафта ва мардумро таҳти фишори шадиде қарор додааст.

Аз ҷумла дар Тоҷикистон низ қиматҳо таий чанд моҳи гузашта босуръат ба боло ҳаракат мекунанд.

Чарлз Рекнегел, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Лилиана Балбӣ, иқтисоддони Муассисаи кишоварзии Созмони Милал доир ба ин тамоюл сӯҳбате анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон боло рафтааст, аммо дар Осиёи Марказӣ бештар аз дигар ҷойҳо. Чаро?

Лилиана Балбӣ: Ба он хотир, ки ин кишварҳо бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ сахт пойбанд ҳастанд. Онҳо сеяк ва ё то 60 -70 дар сади ғалладонаи истеъмолиро аз хориҷ ворид мекунанд, ки ин ҳаҷм бисёр зиёд аст. Ҳамингуна вақте шумо нисфе аз маводи истеъмолиатонро аз хориҷ ворид мекунед ва нархҳо ду баробар боло мераванд, шумо дар воқеъ дар вазъи баде мемонед.

Радиои Озодӣ: Баъзе аз кишварҳо дар вокуниш ба афзоиши қиматҳо, чораҳои маъмуриро пеш гирифтанд. Суду зиёни ин гуна тадобирро шарҳ медодед?

Лилиана Балбӣ: Баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар ҷойҳо аз ин роҳ рафтаанд ва бахусус қимати маҳсулоти аслӣ, бахусус нонро таҳти назорат гирифтанд, аз ҷумла Русия ва Арманистон. Аммо ҳангоми таҳти назорат гирифтани қиматҳо, ин кишварҳо бояд бисёр эҳтиёт кунанд, то сабаби найрангбозӣ дар бозорҳо нашаванд. Агар назорати қиматҳо саросарӣ бошад ва қимати молу коло дар тамоми бозорҳо якранг ва барои ҳама як хел бошад, дар ин ҳолат на фақат мардуми мӯҳтоҷ ва осебпазир, балки ҳамаи аҳолӣ аз он баҳра мебаранд.

Радиои Озодӣ: Як роҳи дигари муштараки монеъ шудан ба афзоиши қимати маводи ғизоӣ, додани ёронаҳо барои тавлиди маҳсулоти ниёзи аввал аст, то мардум тавонанд ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд. Оё ин роҳи хуб аст?

Лилиана Балбӣ: Тамоми омилҳо бояд санҷида шавад, зеро мо намунаҳое дорем, ки ин шева низ муассир набудааст. Агар дар ин замина назорати маъмурии зиёд набошад, ба фиребкорӣ мерасонад, аз ҷумла қиматҳоро дар бозор ду баробар боло мебарад ва мисли ин. Вале чунин шеваи кӯмак ба ҳар кишвар вобаста аст. Агар ҳукумат, манобеъи кофӣ дар буҷааш дошта бошад, ки барои поён овардани қиматҳо ёрона диҳад ва мардуми зиёди мӯҳтоҷ дошта бошад, дар ин сурат шеваи додани ёрона натиҷа медиҳад.

Радиои Озодӣ: Як шеваи дигари монеъ шудан ба афзоиши қиматҳо ҳаст, ки баъзе кишварҳо истифода мекунанд ва ин манъи содироти маводи ғизоӣ аз ҷумла гандум аст, то захираи кофӣ дар дохил бошад, ки дар сурати боз ҳам боло рафтани қиматҳо аз он истифода шавад. Ин шева бад аст, ё хуб?

Лилиана Балбӣ: Агар ҳосили гандум кам бошад ва ҳукумат ба ин натиҷа бирасад, ки барои содирот кофӣ нест, бо манъи содирот, арза ба бозори дохилиро афзоиш медиҳад. Албатта агар пешниҳод зиёд бошад, мусаламман қиматҳо ҳам поён мемонанд. Асли масъала ҳамин аст. Аммо чӣ иттифоқ меафтад вақте қиматҳо дар саросари ҷаҳон боло меравад ва тавварум дар тамоми иқтисодҳо боло меравад ва ҳатто дар он кишваре, ки талош дорад, истеъмолгаронро муҳофизат намояд. Аз ин рӯ ба андешаи мо, чунин шеваи монеъ шудан ба афзоиши қиматҳо ҳатто барои ҳамон кишвар чандон муассир нест. Ва албатта чунин иқдомот дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон қиматҳоро на поён, балки боло мебарад.

Радиои Озодӣ: Пас чунин ба назар мерасад, ки ҳеҷ роҳи соддаи ҳалли масъалаи афзоиши қиматҳо вуҷуд надорад ва роҳҳои ҳалли масъала ҳам гуногун аст ва ба кишварҳову манобеъи онҳо вобаста аст. Агар як роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз болоравии қиматҳо бошад, ки Муассисаи кишоварзии Созмони Милал ба ҳама кишварҳо дар оянда тавсия диҳад, он роҳ кадом аст?

Лилиана Балбӣ: Ба андешаи дар воқеъ як аз омилҳои умдаи афзоиши тамоми қимати маводи ғизоӣ, адами сармоягузорӣ ба арсаи кишоварзӣ дар чанд даҳсолаи ахир аст. Ягона роҳи муассиру дуруст, сиёсати муназзами афзоиши тавлидот дар сатҳи як кишвар ва тамоми дунёст. Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамроҳ бо афзоиши аҳолӣ ва талабот ба он зиёд нашуд ва дигар ин бо мушкилоти иқлимӣ масъалаи афзоиши нархҳо ҳам пеш меояд. Ҳамингуна Муассисаи кишоварзии Созмони Милал ҳамчун роҳи ҳалли дарозмуддат, афзоиши тавлидотро тавсия медиҳад, ки аз роҳи усулҳои беҳтари истифодаи фанновариҳо ва киштукор ба даст ояд, ё ба кишоварзон қарз диҳанд, ё бо барномаҳои кӯмакӣ мусоидат кунанд ва умуман дар маҷмӯъ тавлидотро афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG