Ҷон Керрӣ, вакили баландпояи сенати Амрико, мегӯяд, Покистон мувофиқат кард, ҷиҳати мубориза бо тундгароӣ ва тақвияти амнияти минтақавӣ, “тадобири хосеро” амалӣ хоҳад кард. Ҷон Керрӣ, раиси Кумитаи умури равобити хориҷи сенат дар ин бора дар як нишасти вакилон дар Вашингтон сухан гуфт ва як рӯз баъд аз хотимаи боздидаш аз Покистон. Ӯ дар ин Исломобод бо мақомоти олирутба, аз ҷумла Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон мулоқот кард. Баъди қатли Усома Бен Лодан, раҳбари Ал-қоида дар Покистон дар рӯзи 2 май, Ҷон Керрӣ нахустин мақоми олирутбаи Амрико буд, ки ба Исломобод сафар кард. Ҷон Керрӣ доир ба ҷузъиёти ваъдаҳои давлати Покистон чизе нагуфт, аммо афзуд, ки иҷрои он тааҳудот метавонад, муносиботи миёни Амрикову Покистон ва Афғонистонро ба самти беҳтаре такон диҳад. Ӯ гуфт, созишномаҳо бо Покистон рӯзҳои оянда дар ҳукумати Амрико баррасӣ хоҳад шуд.