Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонуми Ҳуснӣ Муборак раҳо шуд


Сузане Муборак
Сузане Муборак
Хонуми Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср имрӯз баъд аз супурдани дороии худ ба давлат раҳо шудааст. Сузане Муборак барои ришвахорӣ дар шифохонаи шаҳри соҳилии Баҳри Сурх дар Шармушейх як ҷо бо шавҳараш мавриди бозпурсӣ қарор доштанд. Вазорати адлияи Миср гуфт, Сузане 4 миллион доллар дороии худро ба давлат супурдааст ва ҳоло ин вазорат тасмим гирифтааст, ки вайро раҳо кунад. Муборак 83 сол ва хонумаш Сузане 70 сол доранд. Бино ба гузоришҳо, Ҳуснӣ Муборак низ барои баргардонидани дороии худ ва узрхоҳӣ аз мардуми Миср омодагӣ мегирад. Вай 11-ӯми феврал аз мақом барканор шуд.
XS
SM
MD
LG