Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Сурия гӯрҳои дастаҷамъиро рад мекунанд


Имрӯз мақомоти расмии Сурия мавҷудияти гӯри дастаҷамъиро, ки дар бораи он дар матбуот гузориш мунташир шуда буд, рад кардаанд. Тибқи гузориш ин гӯри дастаҷамъӣ дар шаҳри Даръо пайдо шудааст, шаҳре, ки нируҳои давлатӣ барои саркӯб кардани тазоҳуроти эътирозӣ фиристода шуда буданд. Мақомот мегӯянд, чунин гузоришҳо бахше аз “маъракаи таҳрик” бар зидди ҳукумат аст. Мақмоти Сурия ду моҳ аст талош доранд, тазоҳуроти зидди Башор Асад-раиси ҷумҳури ин кишварро фурӯ нишонанд, вале муваффақ намешаванд. Мақомот эътироф кардаанд, ки дар Даръо ҷасади панҷ нафарро пайдо кардаанд. Пештар сокинони ин маҳал хабар доданд, ки онҳо ду гӯри дастаҷамъиро ошкор кардаанд, ки дар ҳар кадоме аз он то 26 дафн шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG